ЗАМИНҲОИ ПРЕЗИДЕНТӢ. 75 ҳазор гектар қитъаи замини тақсимгардида дар солҳои душвор ба беҳсозии шароити зисти сокинон мусоидат намуд

Декабрь 22, 2021 14:21

ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлолият, яъне солҳои бисёр вазнини 1992–1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд. Ин матлабро дирӯз, 21 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур медиҳанд, ки барои беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, зиёд намудани майдони кишти зироат тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Агар ҳар кишоварз ҳар ваҷаб заминро оқилона истифода барад, ӯ бо меҳнати ҳалоли худ ҳосили фаровон ба даст меорад ва барои беҳтаршавии шароити иқтисодии оилааш саҳм мегузорад.

Ҳукумати мамлакат тайи замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат тавассути ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи даҳҳо барномаи соҳавӣ, аз ҷумла дар самти таҷдиди сохтори ташкиливу ҳуқуқии хоҷагиҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, афзоиш додани майдони боғу токзор ва таъмин намудани дастрасии деҳқонон ба манбаъҳои молиявӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид, ки  бо ҳамин роҳ мо метавонем ба суръати баланди рушди соҳаи кишоварзӣ муваффақ гардем.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолияти давлатӣ барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум дар маҷмӯъ 75 ҳазор гектар қитъаи замин ҳамчун хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон ҷудо гардида буд, ки айни ҳол сокинони мамлакат онро пурсамар истифода намуда, зироати гуногун кишт менамоянд.

Қитъаҳои замин тибқи тартиб ба сокинони мамлакат дар заминҳои обёришаванда то 0,15 гектар ва дар заминҳои лалмӣ 0,50 гектар тақсим гардидаанд.

Воқеан, тавре ки Пешвои миллат зикр намуда буданд, дар замони бесарусомониҳои солҳои 90-ум, ки мамлакат дар буҳрони иқтисодӣ қарор дошт, «заминҳои президентӣ» барои беҳтар гаштани шароити зисти мардум мусоидат намуданд.

Мояи хушнудист, ки шаҳрвандон қитъаи замини ҷудошударо самараноку оқилона истифода намуда, аз он дар як сол ду-се маротиба ҳосил мегиранд, ки барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши муҳим дорад.

Мавриди зикр аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 баҳри дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз пардохти андози ягона озод кардани тамоми кишоварзони мамлакат барои соли 2021 аз дастгирию ғамхориҳои навбатии Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Пешниҳоди мазкур кишоварзонро хеле рӯҳбаланд намуд ва онҳо барои боз ҳам ривоҷ додани соҳаи кишоварзӣ масъулияти бештар эҳсос карданд.

Бояд гуфт, ки барои тақвият бахшидан ба рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд  имтиёзҳои тарифию андозӣ пешниҳод гардидаанд. Дар асоси кодексҳои андоз, гумрук ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» барои соҳаи кишоварзӣ 14 имтиёзи фискалӣ пешбинӣ шудаанд, ки ин зиёда аз 13 фоизи шумораи умумии имтиёзҳои давлатиро дар бар мегарад.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, давоми солҳои 2019-2021 барои рушди соҳаи кишоварзӣ аз буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ 74,5 млн. сомонӣ ва тариқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии хориҷӣ 66,7 млн доллари ИМА равона гардидааст. Бо дарназардошти таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи грантӣ ба маблағи 58 млн доллари ИМА «Таҳкими иқтидори соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон» таҳия карда шуда, бо риояи тартиби муқарраргардида моҳи июни соли 2021 ба имзо расонида шуд.

Лоиҳаи мазкур барои беҳтар намудани низоми тухмипарварӣ, рақамикунонии соҳа, бунёд ва азнавбарқароркунии инфрасохтори кишоварзӣ, бунёди марказҳои агрологистикӣ, лабораторияҳо, гармхонаҳо ва анборҳои муосир ва ғайра равона гардидааст.

 Тавре дирӯз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш иброз доштанд, дар замони истиқлолият маданияти истифода бурдани  замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост меояд.

«Ин нишондиҳанда аз саҳми бузурги кишоварзони мамлакат дар раванди расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, махсусан, дар шароити ду соли охир пайиҳам омадани хушксоливу камобӣ гувоҳӣ медиҳад. Маҳз ба шарофати заҳмати онҳо фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин гардид ва мардуми мо аз ҷиҳати таъминот бо маводи озуқа танқисӣ накашиданд. Бинобар ин, ба ҳамаи кишоварзони мамлакат барои заҳмати софдилонаашон сипосу миннатдорӣ баён менамоям»,­­- иброз намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ тариқи додани имтиёзҳои андозиву гумрукӣ баҳри рушди соҳа ба он мусоидат намуд, ки рӯз аз рӯз дар миқёси ҷумҳурӣ ташкили корхонаҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ ба назар мерасад.

Истифодаи оқилонаву самараноки обу замин ҳамчун омили муҳими таъмини амнияти озуқавории мамлакат манбаи асосии таъмин кардани корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва самти афзалиятноки афзоиш додани иқтидори содиротии мамлакат буда, муҳимтар аз ҳама, заминаи аввалиндараҷаи ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ мебошад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

Декабрь 22, 2021 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Исломобод Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид
Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷаласаи муштарак доир гардид