Зимни аксияи густурдаи эмгузаронӣ дар Хуҷанд сокинон ваксина гирифтанд
ДУШАНБЕ, 18.12.2021 /АМИТ Ховар/. Дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ ва аксияву тадбирҳои амалӣ ҷиҳати рафъи ин беморӣ сурат мегиранд, хабар доданд аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».
Дар мавзеи Регистони бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр бо ҷалби сироятшиносон, духтурони маркази саломатии №3, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ризокорон аксияи густурдаи эмгузаронӣ ташкил карда шуд, ки дар натиҷа беш аз 30 нафар шаҳрвандон ваксина гирифтанд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо сокинони шаҳри Хуҷанд бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зист муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд. Онҳо аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, хосатан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузорӣ менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.
АКС аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд