Ҳаҷми тиҷорати Эрон ва Тоҷикистон ба 500 миллион евро мерасад
ДУШАНБЕ, 14.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи созишнома миёни Эрон ва Тоҷикистон, ҳаҷми табодули молии дуҷониба то 500 миллион евро афзоиш хоҳад ёфт, гуфт Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ (ДАР АКС) бо ишора ба ҳамкории дарозмуддати иқтисодии ду кишвар, хабар медиҳад агентии Trend бо ишора ба Iran.ru.
Низомиддин Зоҳидӣ дар конфронсе, ки дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанги Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатии Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд, оид ба дурнамои равобити ду кишвар сухан гуфт.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ иброз намуд, ки равобити дипломатии Эрон ва Тоҷикистон 160 санади ҳамкориро дар бар мегиранд.
Сафир бо ишора ба ҳадафҳои дарозмуддати ду кишвар дар заминаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ гуфт: «Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда миёни ду кишвар ҳаҷми табодули молии дуҷониба то ба 500 миллион евро афзоиш хоҳад ёфт».
«Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки узвияти доимии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба нафъи ҳамаи кишварҳо хоҳад буд», изҳор намуд сафир дар робита ба ҳимояти Душанбе аз узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай.
АКС аз манбаъҳои боз








Сафири Тоҷикистон ба намояндагони расонаҳои Покистон оид ба ташаббусҳои байналмилалии мамлакат маълумот дод
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар бунёди давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид»
Сафири Тоҷикистон бо вазири Девони амирии Давлати Кувайт шайх Ҳамад Ҷобир Ал-Алӣ Ас-Сабоҳ мулоқот намуд
Масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Риёз масоили ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин ва Лю Бин маҷмуи васеи масоили равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карданд
Сафири Тоҷикистон бо сармуҳаррири рӯзномаи «Ар-Раъй»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Лаҳистон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Тсюй Дунъюй мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Намоишгоҳи байналмилалии «Устувории об барои ҳалли масъалаҳои иқлимӣ» ташкил карда мешавад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати «LANXESS AG»-и Олмон мулоқот намуд






