АМИТ «Ховар» барои саҳми сазовор гузоштан дар пешбурди сиёсати аграрӣ бо «Сипоснома» сарфароз гардонида шуд

Январь 31, 2022 10:50

ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» барои иштироки фаъолона дар таҷлили «Иди Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ», инчунин саҳми сазовор дар пешбурди сиёсати аграрӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат  бо «Сипоснома» сарфароз гардонида шуд.

Сипосномаи мазкур 30 январ зимни таҷлили ҷашни Сада аз ҷониби муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва хоҷагиҳои пешқадами кишоварзиро, ки дар таъмини  амнияти озуқаворӣ саҳми назарас мегузоранд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2022 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид