«Амонатбонк» дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 16,5 миллион сомонӣ қарз пешниҳод намудааст
ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар иртибот ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 соли 2021 аз ҳисоби захираҳои худӣ ба 272 нафар 8,3 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд, ки нисбат ба соли 2020 60 фоиз зиёд мебошад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар маҷмӯъ, тайи солҳои 2019-2021 дар ин самт 16,5 миллион сомонӣ қарзҳо пешниҳод шудаанд.
«Амонатбонк» саъй дорад, ки дар татбиқи Солҳои рушди саноат (2022-2026), ки аз ҷониби Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Парлумони мамлакат эълон гардиданд, бо роҳи дастгирии соҳибкорони ватанӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз рӯи муҳлати пардохт ва фоизҳои қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ки омили муҳим дар рушди соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ корҳои назаррас ба анҷом расонад.
АКС аз манбаъҳои боз








Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд






