Ба Кодекси андоз дар таҳрири нав кадом тағйирот ворид шудаанд? Коршиносони соҳа тавзеҳ медиҳанд

Январь 14, 2022 10:40

ДУШАНБЕ, 14.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 аз амалишавии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав аз моҳи январи соли 2022 мужда доданд.

Бояд гуфт, ки бо супориши Президенти мамлакат  Кодекси андоз дар таҳрири нав қабул карда шуд. Тавре масъулини соҳа мегӯянд, Кодекси нав аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ бо дарназардошти таклифу пешниҳоди вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, ташкилоти молиявӣ омода шуда, шаффофияти раванди таҳияи он мутобиқ ба талаботи қонунгузории кишвар ва тавсияҳои созмонҳои молиявӣ таъмин карда шудааст.

Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб изҳор дошт, ки дар Кодекси нав бо мақсади баланд бардоштани мавқеи кишвар дар раддабандии агентиҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ шумораи умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард ва муттаҳид намудани андозҳои ба ҳам алоқаманд аз 10  ба 7 намуд кам карда шуд.

«Дар Кодекси нав ба андозсупорандаҳо якчанд имтиёзу сабукиҳо пешниҳод карда шудаанд. Аз ҷумла, даромади андозбандии шахсони воқеӣ 12 фоиз муқарар гардидааст, ки қаблан 13 фоиз буд. Бо мақсади аз байн бурдани шуғли ғайрирасмӣ ва таъмини шафофият дар ин самт меъёри андози иҷтимоӣ барои суғуртакунандагон  ба истиснои ташкилоти буҷетӣ ба андозаи 20 фоиз,  яъне бо коҳишёбии 5 фоиз муқаррар карда шудааст. Ба хотири ҳамоҳанг намудани меъёри андоз аз даромади шахсони воқеии ғайрирезидент якчанд имтёзҳо ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, барои ҳавасманд намудани  мутахассисоне, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд ва фаълияташонро дар кишвари мо ба роҳ мемонанд, меъёри андоз аз даромади ин шахсон аз 25 фоиз то 20 фоиз кам карда шуд. Ҳамзамон дар Кодекси нави андоз меъёри андози воситаҳои нақлиёте, ки муҳаррикашон тавассути қувваи барқ кор мекунад, 50 фоиз кам карда шудааст»,- шарҳ дод Ф. Машраб.

Коршиносон мегӯянд, ки яке аз омилҳои рушди иқтисоди миллӣ- ин мутобиқ будани қонунгузории андоз ба талаботи муносибатҳои бозорӣ буда,  бо ин мақсад Кодекси андоз дар таҳрири нав қабул карда шуд, ки мақсади он беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, таъмини иқтисодиёти кишвар дар асоси фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, рушди саноат, бештар намудани шумораи ҷойҳои корӣ ва рушди технологияҳои рақамию таъмини воридоти устувори  маблағҳо ба буҷаи давлат ба ҳисоб меравад.

Сармутахассиси Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳайл Ҷабборов изҳор дошт, ки  меъёри андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ (андоз аз фоида) барои фаъолияти истеҳсолӣ ба андозаи имтиёзноки 13 фоиз нигоҳ дошта шуда, барои истихроҷи захираҳои табиӣ ва дигар намуди фаъолият меъёри 18 фоиз, барои ташкилоти молиявию қарзӣ ва ширкатҳои мобилӣ ба андозаи 20 фоиз, яъне аз меъёри амалкунанда 3 фоиз камтар пешбинӣ карда шудааст. Бо мақсади бо кишварҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷоратӣ баробар намудани сатҳи андозбандӣ дар лоиҳаи Кодекси андоз меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда аз 18 фоиз ба 15 фоиз паст карда шуда, дар баробари ин аз 1 январи соли 2022 то 1 январи соли 2027 давра ба давра аз 15 то ба 13 фоиз паст намудани меъёри ин намуди андоз пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон бо мақсади дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда аз фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо меъёри 5 фоиз пешбинӣ карда шуд, ки камшавии меъёр нисбат ба Кодекси андози қаблӣ 13 фоизро ташкил медиҳад. Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди соҳаи кишоварзӣ имтиёзҳои амалкунанда нигоҳ дошта шуда, илова бар ин дар он барои соҳаи мазкур имтиёзҳои нави андозӣ муқаррар карда шудаанд. Аз ҷумла, тибқи Кодекси андози нав воридот ва таҳвили минбаъдаи техника ва таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии техникаҳои кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётиву маҳсулоти такмилии техника ва мошинолоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда барои истеҳсол, инчунин фурӯши моли ниҳоии истеҳсолшуда ворид карда мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. Яъне, дар баробари воридоти техникаи кишварзӣ, инчунин воридоти қисмҳои эҳтиётиву маҳсулоти такмилии техника ва мошинолоти кишоварзӣ низ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд.

“Инчунин ҷиҳати дастгирии субъектҳои сайёҳӣ меъёри андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба хизматрасониҳои меҳмонхонавӣ низ 7 фоиз пешбинӣ гардид, ки нисбат ба меъёри қаблӣ 11 фоиз кам мебошад”,- гуфт сармутахассиси Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳайл Ҷабборов.

Бо таваҷуҳ ба он ки чанд намуди андозҳо кам гардида, меъёрҳо тағйир ёфтанду имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ карда шуданд, ин ҳолат ба даромади буҷет, ки аз андоз вобастагии амиқ дорад, бе таъсир намемонад. Дар ҳамин маврид ҷиҳати рӯйпӯш намудани ин камомадҳо бархе намудҳои андоз баланд бардошта шудаанд, ки шумо метавонед шарҳи пурраи ин ва дигар маълумоти муфидро дар бораи Кодекси андоз дар таҳрири нав тавассути барномаи таҳлилии “Набзи иқтисод”, ки 17 январ, соати 08:30 ва такроран соатҳои 17:30, 21:30 аз мавҷи Радиои «Ховар» пахш мешавад, дастрас намоед.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Январь 14, 2022 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд
Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,9% таъмин гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Дар Вашингтон машварати мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ доир гардид
Гумрукчиён дар вилояти Суғд қочоқи 2,7 тонна маводи дорувориро пешгирӣ намуданд
Ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Бонки сармоягузории Аврупо ҷалби сармоя барои бунёди иншооти гидроэнергетикиро баррасӣ намуд