Барномаи маҷмӯии паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда дар Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 амалӣ мешавад

Январь 27, 2022 11:26

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади татбиқи  Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи маҷмӯии паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» амалӣ шуда истодааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Ҳадафи асосии барномаи мазкур- ин амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ба шуғли расмӣ ҷалб намудани аҳолии қобили меҳнат, таъмини кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи омории қувваи корӣ, ғанӣ гардонидани буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон мебошад.

Бо мақсади татбиқи барномаи мазкур Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти байналмилалии меҳнат намоиши театрикунонидашуда ва роликҳои иҷтимоии «Аз соя ба нур!»-ро таҳия намудаанд.

Умед аст, ки намоиши театрӣ ва роликҳои иҷтимоии «Аз соя ба нур!» барои паст гардидани шуғли ғайрирасмӣ, ба шуғли расмӣ ҷалб намудани шаҳрвандони қобили меҳнат, равон намудани маблағҳои буҷети давлатӣ барои татбиқи барномаҳои мушаххаси беҳсозии сатҳи некуаҳволии мардум, зиёд гардидани сарчашмаҳои нави андозбандишаванда ба буҷети давлатӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки фаъолияти меҳнатиро танҳо дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба роҳ монда, аз кафолатҳои қонун пешбининамуда дар муносибатҳои меҳнатӣ истифода бурда, сатҳи иҷтимоии худро ҳифз намоянд ва барои нафақаи шоистаашон замина гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар моддаи 1-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ин шартномаи меҳнатӣ- ин созиш миёни корфармо ва корманд мебошад, ки тибқи он корманд уҳдадор аст корҳоро аз рӯи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа (мансаб) бо дараҷаи дахлдор, бо риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, корфармо дар навбати худ уҳдадор аст барои ҳамин кор ба корманд пурра ва сари вақт музди меҳнат диҳад ва шароити меҳнатеро, ки Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад.

Моддаи 26-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ баста шуда, дар ду нусха тартиб дода мешавад ва аз ҷониби тарафҳо имзо карда мешавад. Як нусхаи шартномаи меҳнатӣ ба корманд дода шуда, нусхаи дигарро корфармо маҳфуз медорад.

Қисми 9-и моддаи мазкур пешбинӣ менамояд, ки агар шартномаи меҳнатӣ бо гуноҳи корфармо баста нашуда ва ё ба расмият дароварда нашуда бошад, вале корманд ба кор шурўъ карда бошад, дар ин ҳолат муносибатҳои меҳнатӣ аз рӯзи воқеан ба кор шурӯъ намудани корманд бавуҷудомада ҳисобида мешаванд.

Муҳимияти шуғли расмӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои меҳнатӣ тавассути бастани шартномаи меҳнатӣ дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 24 октябри соли 2019 ишора гардида, Пешвои миллат баён намуда буданд, ки  «амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ба шуғли расмӣ ҷалб намудани аҳолии қобили меҳнат, таъмини кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи омории қувваи корӣ, ғанӣ гардонидани буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ҳадафи асосӣ мебошад».

 АКС: ФИКМТ

Январь 27, 2022 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар моҳи Рамазон бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад»
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод