БЛИНКЕН МУСИҚИИ ТОҶИКИРО ДӮСТ МЕДОРАД. Роҳбари Департаменти давлатии ИМА дар бораи сурудҳои дӯстдоштааш изҳори назар намуд

Январь 4, 2022 16:56

ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нав Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар Твиттер ду рӯйхати сурудҳои дӯстдоштаи худро, ки соли 2021 гӯш кардааст, нашр намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Блинкен изҳор намуд, ки мусиқӣ ҷузъи доимии ҳаёт маҳсуб мешавад. Дар ҷамъбасти сол Котиби давлатӣ мехоҳад бо истифода аз фурсати муносиб оид ба баъзе сурудҳои дӯстдоштааш, ки соли 2021 нашр шудаанд, изҳори назар намояд.

Рӯйхати аввали таронаҳоро Котиби давлатӣ «Дар хона» номид. Ба он 17 таронаи ҳунармандони амрикоӣ, ба мисли Ҷастин Бибер, Дайана Росс, Бруно Марс ва Тейлор Свифт шомил гардидаанд.

Давомнокии умумии рӯйхат 1 соату 3 дақиқаро ташкил медиҳад.

“Яу қисмати кори ман пешбурди дипломатияи мардумӣ ва барқарор кардани робита бо дигар миллатҳо тавассути муҳаббати муштарак ба фарҳанг, маориф, мусиқӣ, ғизо ва ғайра мебошад. Инҳо чанд суруди дӯстдоштаи ман дар соли равонанд, ки аз ҷониби ҳунармандони амрикоӣ иҷро шудаанд ва ман умедворам, ки гӯш кардани онҳо дар саросари ҷаҳон ба одамон лаззат мебахшад”,-омадааст дар тавсифи рӯйхати сурудҳо.

Рӯйхати дуюм «Дар роҳ» (On the Road) ном дорад. Он сурудҳои навозандагон аз тамоми ҷаҳон, аз ҷумла The Weeknd, Stromae, Adel, Dua Lipa ва дигаронро дар бар мегирад. Рӯйхати мусиқӣ 2 соату 18 дақиқа тӯл кашида, аз 36 трек иборат аст.

Қобили зикр аст, ки дар ин феҳрист ду таронаи тоҷикӣ — «Камароб» (Camarob, Safarmuhammad, M.One) дар иҷрои овозхони ҷавони тоҷик Сафармуҳаммад Рустами 25-сола ва ҳамчунин таронаи як овозхони Афғонистон Ориёно Саид бо номи «Нафасам» (Nafasam,  Aryana Sayeed) ҷой дода шудаанд. Зимнан, Сафармуҳаммад (солҳои 2014-2019) дар Донишгоҳи Ляонини шаҳри Шеняни Чин таҳсил кардааст.

Ба ғайр аз ин, миёни таронаҳои  дӯстдоштаи Котиби давлатии Амрико суруди «Муҳаббат» (Mohabbat, Arooj Aftab)-и Оруҷ Офтоб (сарояндаи покистонӣ) низ ҳаст.

«Мусиқӣ одамонро ба ҳам меорад — он марзҳо ва ҳама чизи дигареро, ки метавонанд моро ҷудо кунанд, убур мекунад. Дар охири соли 2021 ман баъзе сурудҳои дӯстдоштаи худро, ки имсол (ё чанде пеш) аз ҷониби сарояндагони саросари ҷаҳон эҷод шудаанд, мубодила хоҳам кард. Умедворам, ки ба шумо низ чун  ба ман писанд меоянд”,-омадааст дар тавсифи рӯйхати сурудҳои “Дар роҳ”.

                                                            АКС: Evelyn Hockstein / Reuters

Январь 4, 2022 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид