ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Ду варзишгараи тоҷик ба финали мусобиқот роҳ ёфтанд

Январь 27, 2022 08:17

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола дар шаҳри Тошканди Узбекистон ба даври нимфинал расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 нафараш муҳорибаро идома медиҳанд. Сабқатҳои нимфинал имрӯз, 27 январ баргузор мешаванд.

Аввалин Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 22 январ оғоз гардид. Дар рӯзи аввал ду варзишгари мо муҳориба карда, бар ҳарифонашон ғолиб шуданд – Искандарбек Рустамов дар вазни -54кг бар Чаҳура Лакшан аз Шри Ланка ва Расул Аҳадов дар вазни -67кг бар Ҳалим Сулаймон аз Малайзия.

Дар рӯзи дуюм Хусравхон Раҳимов дар вазни -57кг бар намояндаи Қирғизистон Жакшилик Тилек уулу, Давлат Болтаев дар вазни -92кг бар варзишгари мизбон Ҷавоҳир Тағоймуродов пирӯз гардида, Абдураҳмон Ёқубов дар вазни -60кг аз намояндаи Муғулистон Буяндалай Баярхуу, Файзалӣ Ғуломов низ дар вазни -63,5кг аз намояндаи Муғулистон Тугулдур Бямбатсогт, Хуршед Усвалиев дар вазни -71кг аз варзишгари Қирғизистон Нураддин Рустамбек уулу мағлуб шуданд.

Дар рӯзи сеюм Акбаралӣ Абдураҳмонзода дар вазни -51кг бар намояндаи Арабистони Саудӣ Абдулазиз Алатбӣ ғолиб шуд, вале дигар варзишгаронамон – Искандарбек Рустамов (-54кг) аз Соучӣ Макинои ҷопонӣ, Руҳафзо Ҳақназарова (50кг) аз Сабина Бобоқуловаи узбекистонӣ, Усмонҷон Мирзоев (-48кг) аз Казума Аратакеи ҷопонӣ шикаст хӯрданд.

Ҳамин тариқ, аз миёни 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 нафараш муҳорибаро дар даври нимфинал, ки 27 январ баргузор мешавад ва ду нафар дар финал 29 январ идома медиҳанд.

Муҳорибаҳои нимфинал ва финал бо иштироки намояндагони Тоҷикистон:

 Нимфинал, 27 январ

51кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода – Ҷаъфар Ҳошим Мусо (Ироқ)

57кг – Хусравхон Раҳимов – Дилшод Абдумуров (Узбекистон)

67кг – Расул Аҳадов – Ҷавлонбек Юлдошев (Узбекистон)

48кг – Сумайя Қосимова – Ҳикару Като (Ҷопон)

52кг – Ҳусния Холова – Фирӯза Казакова (Узбекистон)

63кг – Малика Нозимова – Мунмарсурен Тсегтсегдари (Муғулистон)

75кг – Абдумалик Болтаев – Ризо Толиб Ҷаббор (Ироқ)

80кг – Некрӯз Салимов – Омурбек Бекжигит уулу (Қирғизистон)

86кг – Шаҳбоз Ҳаитов – Бакит Токтосун уулу (Қирғизистон)

Финал, 29 январ

92кг – Давлат Болтаев – Рустам Урусбек уулу (Қирғизистон)

+92кг – Муҳаммад Аброриддинов – Ҷаҳонгир Зокиров (Узбекистон)

Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 190 варзишгар аз 12 давлати қора иштирок доранд.

Тибқи нақшаи пешакӣ, муҳорибаҳои нимфинал бояд 25-26 январ ва финал 28-29 январ баргузор мешуданд. Вале бинобар сабаби қатъи неруи барқ дар ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон  25 январ дар ҷадвал тағйирот ворид карда шуд. Акнун 27 январ нимфинал баргузор шуда, 28 январ истироҳат эълон гардид. Муҳорибаҳои финалӣ дар ҳамаи вазнҳо 29 январ доир мешаванд.

АКСҲО: КМО Тоҷикистон

Январь 27, 2022 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид