Далер Ҷумъа ва Питер Райлӣ масъалаҳои ҳамгироии манбаъҳои барқароршавандаи энергияро баррасӣ намуданд

Январь 28, 2022 09:23

ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди татбиқи ислоҳоти соҳаи энергетика ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои муқарраршудаи миллӣ дар соҳаи энергияи тоза ва ҳамгироии манбаъҳои барқароршавандаи энергия   дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Далер Ҷумъа бо Директори  Агентии рушди байналмилалии Амрико / USAID/ Питер Райлӣ  баррасӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Дар мулоқот  ҳамзамон Вилям Ҳолл, мудири кулли Дафтари рушди USAID дар Тоҷикистон ширкат дошт. Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба табодули афкор намуданд.

Дар хотима мусоҳибон омодагии худро барои мусоидат ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва захираҳои об изҳор намуданд.

АКС аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби  ҶТ

Январь 28, 2022 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд