Дар ҷашни Сада дар Фархор намунаи ҳунару маҳорати сокинони даҳ ҷамоати шаҳраку деҳот ба намоиш гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Фархор бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷашни Сада бошукӯҳ таҷлил гардид. Зимни он гӯшаи намоиши ҳунарҳои миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, намоиши фурӯши ниҳол, тухмии гулу буттаҳо, гӯшаи дастовардҳои кишоварзон ва маҳсулоти корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ташкил шуда, бонувон, толибилмони муассисаҳои таълимӣ, ҳунармандон, кормандони ташкилоту муассиса ва аҳли заҳмати даҳ ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия намунаи ҳунару маҳорат ва маҳсули меҳнати хешро пешниҳоди ҳозирин гардониданд, хабар доданд аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба АМИТ «Ховар».
Дар гӯшаи намоишгоҳ ҳунарҳои чӯбтарошӣ, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, ресандагӣ, омода кардани таомҳои миллӣ ва самараи заҳмати кишоварзон дар бахшҳои сабзавоткорӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ, растанипарварӣ, истеҳсоли тухмӣ ва дастовардҳои тамоми соҳаи кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуданд. Ин тадбир аз пешрафти соҳа ва сол то сол зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дарак медиҳад. Дар намоиш дастовардҳои варзишгарони ноҳия низ ба намоиш гузошта шуданд.
Зимни ҳамоиш роҳбарони ноҳия иброз доштанд, ки соли равон кишоварзони ноҳияи Фархор ният доранд дар майдони беш аз 9 ҳазор гектар кишти чигит гузаронанд. Бо ин мақсад аллакай ба қадри кофӣ тухмӣ омода ва захира карда шудааст.
Айни замон дар ноҳия корҳои омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва навсозии иншооти обрасонӣ бо маром идома дошта, имсол дар асоси нақша бояд қариб 1500 гектар замини солҳо бекорхобида аз нав ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шаванд.
Корҳои ободониву сабзазоркунӣ бо риояи талаботи агротехникӣ идома дошта, бояд рӯзҳои наздик боғи миллии ноҳия бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пурра навсозӣ ва барои рушди соҳаи пиллапарварӣ тутбоғи нав бунёд карда шавад.
АКСҲО: Маркази матбуоти МИҲД-и н. Фархор













Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






