Дар Ҳисор ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд

Январь 26, 2022 09:39

ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Мо, ҷавонон пайравони Пешвои миллатем» — таҳти чунин унвон дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру  навоҳии  тобеи марказ- Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Файзобод, Варзоб, Рӯдакӣ ва Шаҳринав баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Дар маросими супоридани шаҳодатнома ва маблағи он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулло Раҳмонзода ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иштирок ва сухан намуданд.

Зикр гардид, ки наврасону ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат маҳсуб мешаванд, дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба онҳо ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ зоҳир гардида, пайваста густариш меёбад.

Стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагони болаёқат соли 1998 таъсис ёфта, маблағи он дар ибтидо 240 сомониро ташкил медод ва дар ҷумҳурӣ 300 нафарро дар бар мегирифт. Шумораи гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон дар соли хониши 2021-2022 ба 3000 нафар расида, маблағи он дар як моҳ 500 сомониро ташкил медиҳад. Дар соли хониши 2021-2022 шумораи гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор аз 10 нафари қаблӣ ба 91 нафар расидааст.

Дар идомаи ҳамоиш гирандагони Стипендияи президентӣ бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва фазои орому босуботи кишвар  миннатдории худро ба Пешвои миллат ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор барои омӯхтани илму дониш иброз намуда, қавл доданд, ки бо омӯхтани илмҳои пешрафта оянда ба давлату миллати худ хизмат хоҳанд кард.

Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор  дастагули шеъру таронаро дар васфи Ватан, истиқлолият ва зебоиҳои табиати диёр, инчунин таррануми ҷавонӣ тақдими меҳмонон карданд. Иштирокдорони ҳамоиш аз китобхона ва Осорхонаи марказии шаҳри Ҳисор боздид намуданд.

 АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Январь 26, 2022 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори таърихии Гунди Шопури Эрон баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази фарҳангӣ ба истифода дода шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон идома доранд
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвоми эронӣ
Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
Дар Душанбе Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ бунёд карда мешавад
Доир ба нақши Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи таърих ва ‎фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегарданд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли илм руҳияи тоза бахшид