Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Мусобиқаи зеҳнии шоҳмоту шашка доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 миёни хонандагон аз ҷониби омӯзгорон ва гирандагони стипендияи президентии назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Мусобиқаи зеҳнии шоҳмоту шашка баргузор карда шуд, иттилоъ доданд аз бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
Мақсад аз ташкили мусобиқаҳои мазкур — ин пеш аз ҳама, баланд бардоштани маҳорати зеҳнии хонандагон ва махсусан ҷавонон маҳсуб мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки шоҳмот бозии шавқовари рӯимизӣ буда, ба сифати бозии зеҳнҳо маъмул аст. Солҳои охир таваҷҷуҳ ба бозии шоҳмот зиёд гардида, ҷавонону наврасон ва калонсолон ба ин намуди варзиш майли зиёд пайдо намудаанд.
Солҳои охир дар Тоҷикистон аз рӯи ин намуди варзиш варзишгарони зиёд бозӣ карда, мамлакати моро берун аз ҷумҳурӣ муаррифӣ ва парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон парафшон намудаанд. Яке аз онҳо шоҳмотбози 12-солаи тоҷик Сабрина Абророва мебошад, ки соли 2019 дар Бозиҳои 5-уми ҷаҳонии наврасон (World Junior Compatriot Games) дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Русия дар бозии шоҳмот соҳиби медали тилло гардид. Дар ин мусобиқа беҳтарин варзишгарон аз 57 давлати дунё ширкат доштанд, вале Сабрина Абророва аз 11 бозӣ дар 10 давр ғолиб ма два 1 бозиро мусовӣ анҷом дода, бо гирифтани 10,5 хол сазовори ҷойи аввал шуд.
Бозии шоҳмот ҷузъи таърих, фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик буда, тавассути ин бозӣ метавон ҳусни таваҷҷуҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавононро ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҷалб намуд.
АКС: бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






