ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Барномаи OPEN баҳори соли 2022 курсҳои такмили ихтисосро барои муаллимони забони англисӣ пешниҳод мекунад
ДУШАНБЕ, 7.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз рӯи барномаи Online Professional English Network (OPEN) курсҳои 8-ҳафтаинаи такмили ихтисосро барои омӯзгорони забони англисӣ, ки аз ҷониби донишгоҳҳои ИМА омода гардидаанд, эълон менамояд. Мӯҳтавои барномаи ҳаштҳафтаина, ки хабарнигори АМИТ «Ховар» бо он дар сомонаи намояндагии дипломатии Амрико шинос шуд, ба дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ки зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 21 декабр иброз доштанд, мувофиқ аст.
Тавре дар хабарномаи Сафорати ИМА зикр шудааст, Барномаи Online Professional English Network (OPEN) баҳори соли 2022 гузаронида шуда, омӯзгорон имкон доранд дар мавзӯъҳои: англисӣ ҳамчун воситаи омӯзиш (EMI), мусоидат ба ҳавасмандӣ ва ҷалби донишҷӯён (FSME), методикаи TESOL, такмили ихтисос барои омӯзгорон ва ҳамгироии тафаккури интиқодӣ дар синфро аз бар намоянд.
Хоҳишмандон барои иштирок дар курсҳои омӯзишии мазкур метавонанд то 25 январи соли 2022 тавассути почтаи электронии EnglishProgramsDushanbe@state.gov дархост пешниҳод намоянд.
Шаҳодатномаҳо ва нишонаҳои рақамӣ аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА барои ҳамаи онҳое, ки омӯзишро бомуваффақият ба охир мерасонанд, дода мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худро ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба маорифи миллӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти мактабӣ, ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ва истифодаи стандартҳои байналмилалии таълим эълон кардааст. Дар ин замина Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аз 31 январи соли 2020 солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф» эълон карданд.
«Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад», — изҳор доштанд Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021.
Зикр гардид, ки дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
«Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад», — зикр намуданд Пешвои миллат.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки бо ин мақсад роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.
Вазорати маориф ва илм ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Зебои ЮСУФ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз манобеи боз









ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Ҳайати Академияи таҳқиқотии Малайзия бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бостонии Тоҷикистон шинос мешавад
Олимони ҷавони тоҷик дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони ИДМ иштирок намуданд
Оид ба омӯзиши илмҳои криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир шуд
Соли 2027 Душанбе мизбони Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Малайзия баррасӣ шуд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун Маркази фарҳангӣ ифтитоҳ гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори таърихии Гунди Шопури Эрон баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази фарҳангӣ ба истифода дода шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон идома доранд






