Дар Тоҷикистон гирифтани вояи сеюми ваксинаи зидди COVID-19 оғоз гардид

Январь 13, 2022 13:50

ДУШАНБЕ, 13.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани вояи сеюми ваксинаи зидди COVID-19 оғоз гардида, аллакай табибон аз реваксинатсия гузаронида шуда истодаанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров.

Ба гуфтаи мавсуф, дар навбати баъдӣ омӯзгорон, хизматчиёни давлатӣ ва табақаҳои осебпазири аҳолӣ бояд вояи сеюмро бигиранд.

Тавре аз маркази марбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва кормандони беморхонаи клиникии сироятӣ вояи сеюми ваксинаро гузарониданд.

Наврӯз Ҷаъфаров зикр намуд, ки айни замон ба далели пайдоиши штамми нави «омикрон» нафароне, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо такя ба тавсияи профессори  кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  Саидбек Сатторов иттилоъ дода буд, шаҳрвандон бояд ҳар шаш моҳ як маротиба аз реваксинатсия* гузаранд.

Ба гуфтаи Саидбек Сатторов, вақте ба бадани инсон бори  якум ваксина гузаронида мешавад,  бадан бо вирус «шинос» мегардад. Дар ҳолати такроран ваксина кардан дар организм якбора миқдори зиёди подтанҳо пайдо  гардида, масуният пурқувват мешавад. Ин масуният то 6 моҳ қобилияти мубориза бурдан бо бемориро дорад. Пас аз 6 моҳ масуният паст мегардад ва дар ин ҳолат зарурати гузаронидани реваксинатсия ба миён меояд.

Касоне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дар онҳо табиатан сатҳи баланди масуният пайдо мешавад. Ва ин масуният то 6 моҳ қобилияти муҳофизат кардан дорад. Аз ин рӯ, пас аз 6 моҳи беморӣ ин нафар  бояд аз нав ваксина карда шавад.

_________________

*Реваксинатсия – тадбирҳои вобаста ба таҳким додани масунияте, ки баъди ваксинатсияи гузашта ҳосил шудаанд.

 АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 13, 2022 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд