Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон соли хониш оғоз гардид

Январь 5, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали моҳи январи соли 2022 дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шашмоҳаи  якуми соли хониш оғоз гардид. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба ин муносибат дар   толори асосии Вазорати мудофиа бо иштироки сардори Ситоди генералӣ, муовинон ва мушовирони  Вазири мудофиа, фармондеҳони навъҳои қӯшун, сардорони раёсатҳо, шуъбаю хадамоти алоҳидаи дастгоҳи марказӣ ва Ситоди генералӣ бо садо додани Суруди миллӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Сардори  Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Собирзода доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ва авзои мураккаби  ҳарбӣ-сиёсии минтақа сухан гуфт. Мавсуф иброз дошт, ки ҳайати роҳбариву фармондеҳии сатҳу зинаҳои гуногунро зарур аст дар чунин шароити пуртазод барномаҳои таълимӣ ва мавзуъҳои барои давраи таҳсил пешбинигардидаро зери назорати қатъӣ гирифта, донишҳои соҳавии ҳайати шахсиро боз ҳам тақвият бахшанд ва бо масъулияти касбиву вазифавӣ дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар саҳм гузоранд.

Ҳамин гуна ҷамъомадҳо дар тамоми ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ дар сатҳи зарурӣ баргузор гардида, хизматчиёни ҳарбӣ дар доираи дастуру нақшаҳои таҳиягардидаи ин даври таҳсил дар нуқтаҳои таълимӣ ба дарсҳо аз фанҳои тахассусӣ ва омӯзиш дар машғулияти муайяншуда ҷалб гардиданд.

Ҳамасола дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ду давраи хониш доир мегардад. Шашмоҳаи якуми соли хониш аз моҳи январ оғоз гардида, то моҳи июн идома меёбад, нимсолаи дуюм аз моҳи июл то моҳи ноябр давом мекунад. Дар ҳарду давраи соли хониш як моҳ таътил  дода мешавад, ки дар ин давра, хизматчиёни ҳарбӣ ба омода намудани синфхонаҳои таълимӣ, майдончаҳои тактикӣ, муҳандисию  сафороӣ, варзишӣ ва пурра мутобиқ намудани пойгоҳҳои моддиву таълимӣ машғул мешаванд.

АКС аз Вазорати мудофиаи ҶТ

Январь 5, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад