Дар Вазорати корҳои дохилӣ Озмуни «Таассуроти ман аз тамошои филми Пешвои миллат» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 21.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни «Таассуроти ман аз тамошои филми Пешвои миллат» ҷамъбаст гардида, ғолибон ва иштирокдорони фаъоли он қадрдонӣ шуданд. Дар озмуни мазкур ҷойи якум насби Фарзона Шокирзода аз шаҳри Ҳисор гардида, зинаи дуюмро ду нафар иштирокчиён — Достон Набиев аз шаҳри Душанбе ва Меҳрубон Ҳасанов аз шаҳри Истаравшан соҳиб гаштанд. Се нафар довталабони ин озмун — Рухшона Муродалиева аз шаҳри Душанбе, Умарҷон Ҳабибуллоев аз шаҳри Хуҷанд ва Фаридун Раҳимзода аз шаҳри Душанбе ба гирифтани ҷой сеюм сазовор шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии мамлакат.
Ба ғолибони Озмуни «Таассуроти ман аз тамошои филми Пешвои миллат», аз ҷумла ба ғолиби ҷойи якум 4000 сомонӣ, ба ҳар як нафар ғолиби ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва ба ҳар як нафар ғолиби ҷойи сеюм 1000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд. Инчунин ба тамоми иштирокчиёни фаъоли озмун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, барои иштирокдорони он, ки ҷавонони касбу кори мухталиф аз минтақаҳои кишвар буданд, тамошои мавзеъҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ташкил гардид.
Муовини роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ дар маросими ҷамъбасти Озмуни «Таассуроти ман аз тамошои филми Пешвои миллат» иброз дошт, ки озмуни мазкур ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил карда мешавад, ба роҳ монда шуд. Озмун аз 16 ноябри соли сипаришуда эълон гардида, то кунун идома дошт ва дар он намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд. Дар ин озмун намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат варзида, мақолаҳои худро пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, чорабинии мазкур тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ эълон гардида буд.
Муовини сардори Академияи ВКД полковники милитсия Зикрулло Саидзода зимни суханронии худ ҷавононро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол даъват карда, гуфт ки ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Пеш аз шурӯи маросими ҷамъбасти озмун роҳбарияти Академияи ВКД ҷавононро хуш истиқбол гирифта, курсантони ин муассисаи олии мамлакат дар назди ҳамсолони хеш шеърҳои ватандӯстона бо забонҳои тоҷикӣ ва русиву англисӣ қироат намуданд. Ҳамчунин аз тарафи курсантон ба ҷавонон ҳар гуна машқҳои тактикӣ бо истифода аз силоҳҳои оташфишон намоиш дода шуд. Бо роҳбаладии устодони Академияи ВКД ҷавонон бо дастовардҳои ин муассисаи таълимӣ ва саҳми Пешвои миллат ҷиҳати фароҳам овардани шароити хубу арзанда ба курсантон шинос шуданд.
АКСҲО: ВКД










Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 шумораи қонуншиканиҳо дар самти танзими ҷашну маросим коҳиш ёфт
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд






