Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон марҳилаи аввали омодагӣ ба Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022-ро анҷом дод

Январь 17, 2022 09:12

ДУШАНБЕ, 17.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон марҳилаи аввали омодагӣ ба Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022-ро, ки аз 10 то 12 апрел дар Бишкек баргузор мешавад, анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи аввали омодагӣ бо дастаи миллии Гурҷистон, ки ҳафтаи оянда дар Чемпионати Аврупо-2022 дар футзал оғоз мешавад, ду бозии дӯстона анҷом дод, ки дар гурӯҳи D рақибони он дастаҳои Испания, Озарбойҷон ва Босния ва Ҳерсеговина мебошанд.

Бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Гурҷистон ва Тоҷикистон  15-16 январ дар Тифлис баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон – 6:2 ва 10:1 анҷом ёфтанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Гурҷистон вохӯрии дӯстонаро бидуни сармураббӣ Пайрав Воҳидов ва якчанд нафар бозингарони дигар гузаронид, зеро ташхиси онҳо барои санҷиши сироятёбӣ ба коронавирус, ки дар Тифлис гузаронида шуд, натиҷаҳои шубҳаовар дод.

Дар Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар минтақаи омехтаи марказӣ ва ҷанубӣ баромад мекунад. Рақибони дастаи мо дар гурӯҳи «В» дастаҳои Афғонистон (10 апрел), Непал (11 апрел) ва Узбекистон (12 апрел) хоҳанд буд. Ду даста аз гурӯҳ ба финали Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбанд.

Вохӯриҳои дӯстона

Гурҷистон — ТОҶИКИСТОН 6:2

Голҳоро дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Умед Қузиев ва Бахтиёр Солиев ба ҳадаф расониданд.

Гурҷистон — ТОҶИКИСТОН 10:1

Голро дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Идрис Ёров ба нишон зад.

АКС аз ФФТ

Январь 17, 2022 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд