Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021» иштирок мекунад

Январь 9, 2022 09:27

ДУШАНБЕ, 09.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Мусобиқаи 18-уми байналмилалии «Ҷоми рушд-2021», ки аз 5 то 14 феврал дар пойтахти Беларус – шаҳри Минск доир мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Барои ғолибият дар мусобиқа даҳ даста мубориза мебаранд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021» дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби наврасони Беларус (U 17), Қазоқистон, Озарбойҷон ва Эрон вомехӯрад.

Ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Беларус (U-16), Молдова, Баҳрайн, Узбекистон и Исроил шомил шуданд.

Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад.

 Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021» дар Минск

 Гурӯҳи «А»: Беларус (U-17), Қазоқистон, Озарбойҷон, ТОҶИКИСТОН, Эрон.

Гурӯҳи «В»: Беларус (U-16), Молдова, Баҳрайн, Узбекистон, Исроил.

Акс: ФФТ

Январь 9, 2022 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд