Файзалӣ Саидзода: Беш аз 2 ҳазор нафар кормандони соҳаи тиб бо вояи сеюми ваксина фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 18.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. То 17 январ 2 ҳазору 386 нафар табибон бо вояи сеюми ваксина бар зидди COVID-19 фаро гирифта шуданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Саидзода.
Ба гуфти мавсуф, тӯли як ҳафта аст, ки дар мамлакат миёни кормандони соҳаи тиб реваксинатсия ҷараён дорад. Тибқи нақша, баъд аз табибон шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ бо вояи сеюми ваксина фаро гирифта мешаванд.
Дар оянда бо назардошти ворид шудани вояи ваксина иммунизатсия дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марҳила ба марҳила миёни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ идома меёбад.
Ба иттилои Файзалӣ Саидзода, шаби 17 январ ба Тоҷикистон 1 млн 150 ҳазору 800 вояи ваксинаи Moderna ворид гардид.
Гуфта мешавад, ки имрӯз дар мамлакат ваксина ба қадри кофӣ мавҷуд аст. Дар нақша аст, ки бо анҷоми маъракаи гузаронидани вояи якум ва дуввуми ваксина соли 2022 тамоми шаҳрвандони мамлакат бо вояи сеюм фаро гирифта шаванд.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, агар зимни ваксинагузаронӣ шахсоне, ки ба бемории сироятӣ ё зуком гирифтор ва дорои нишонаҳои ин бемориҳо бошанд, ваксинагузаронии ин гуна шахсон то давраи барқарор гардидани саломатии онҳо ба вақти дигар гузошта мешавад.
АМИТ «Ховар» қаблан тавсияҳои табиби маъруфи эронитабори Амрико, роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк Ораш Алоиро нашр намуда буд. Мавсуф иброз дошт, ки «ваксинаҳо қариб то 100 фоиз дар пешгирӣ аз фавт ва шадид нагузаштани ҷараёни беморӣ самаранок мебошанд. Барои ҳамин бояд ҳама ваксина гиранд, то фавт ва шадидшавии беморӣ пешгирӣ гардад. Илм собит кардааст, ки тамоми ваксинаҳо, аз ҷумла ваксинаи COVID-19 муфиданд ва оризаҳояшон бисёр кам аст. Ба ин хотир тавсияи ҳатмӣ медиҳам, ки аз ҳамаи ваксинаҳое, ки дастрас ҳастанд, истифода кунед ва ҳеҷ кас набояд аз ваксина задан манъ шавад, магар касоне, ки дар айни замон худашон бемор бошанд. Пас, шахсе, ки ҳатто дар гузашта бемориро гузаронидааст, ӯ низ метавонад ваксина занад. Суоле, ки ҳамеша аз ман мепурсанд, ин аст, ки касоне бемориҳои дил, диабет, раг ва ё гурда доранд, метавонанд ваксина зананд? Бале, онҳо бояд ваксина гиранд. Чунки онҳо бемориҳои музмин доранд ва ҳатман бояд дар марҳилаи аввал ваксина зананд. Шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд аз намуди нав сироят ёбанд, вале онҳо бемориро бисёр мулоим паси сар мекунанд».
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






