Имрӯз дар Душанбе ҷашни Сада бошукӯҳ таҷлил гардид

Январь 30, 2022 14:18

ДУШАНБЕ, 30.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироат, олоти кории деҳқонон, анвои гуногуни таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҷлил карда шуд.

Мухбири АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ аз ин ҷашнгоҳ хабар медиҳад, ки фазои боғ идона буда, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Дар ҳамоиши мазкур муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, Вазири кишоварзӣ Саъдӣ Каримзода ва намояндагони дигар вазорату идораҳо ва корпусҳои дипломатӣ, инчунин аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки «Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон мужда медиҳад. Ҳамин ки айёми сардиҳо поён меёбад, замин аз борони найсон ва барфу об нашъа мегирад. Аз замин, ки рисқрасони марди деҳқон аст, бӯи хоки мушкбез ба димоғ мерасад. Дар замони гузашта ҷашни мазкур дар майдонҳои васеъ ва талу теппаҳо бо иштироки тамоми мардум гузаронида мешуд, ки аз якдилию муттаҳидии аҷдодони мо дарак медиҳад».

Зикр шуд, ки чашни Сада аз омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо пайк медиҳад. Дар гузашта сокинони шаҳр ва рустоҳо барои оташафрӯзӣ ҳезум ҷамъ оварда, гулхани бузурге меоростанд ва аз болои оташ парида, дар гирди он давр гаштаву сурудхонон мерақсиданд. Дар натиҷа, меҳру муҳаббат, якдилӣ, дӯстиву рафоқати одамон зиёд мегардид.

Деҳқонон дар айёми ҷашни Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои зарурӣ дастрас намуда, олоти корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр ва ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд. Ҳамчунин шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасону касалиҳо иҷро менамоянд. Хоҷагидорон низ дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ ҳолати зоогигиении ҷойҳои нигоҳдорӣ, ҳифзи растанию наботот аз касалиҳо ва ғайраро амалӣ мегардонанд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ иброз доштанд: «Дар замони соҳибистиқлолӣ мо ҷашни Садаро ба ҳайси маросими кишоварзону боғдорон ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ойини сирф мардумӣ таҷлил менамоем ва дар таблиғи ғояҳои неку моҳияти арзишманди он, аз қабили садоқат ба Ватан, осоишу ваҳдати инсонҳо, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровонӣ саъю талош меварзем».

Бинобар ин, Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ба кишоварзони мо дар ин айём зарур аст, ки тухмии хушсифати зироатҳо ва ниҳолҳоро омода намуда, корҳои яхобмонӣ, тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо ва дарахтон, яъне тайёрии ҳаматарафа ба киштукори баҳориро ба анҷом расонанд ва барои ҳосили фаровон замина гузоранд.

«Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада низ моро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва киштукори баҳорӣ омодагии ҳаматарафаро вусъат бахшем», — тазаккур доданд Президенти мамлакат.

Ҳамчунин дар ин рӯз намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ ва гулу буттаҳо баргузор гардид, ки мардум бо нархи дастрас аз онҳо харидорӣ намуданд.

Сипас аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорони фаъол Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.


Фирӯзаи ДАВЛАТ,

Тоҳирҷони САИД,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2022 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид