Имсол ба афзоиши музди маошу нафақа беш аз 800 млн сомонӣ равона мешавад

Январь 26, 2022 14:55

ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода   будем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз афзоиши навбатии музди маошу, стипендия ва нафақаи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ хабар доданд. Бо мақсади татбиқи ин ҳадаф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  13 январи соли 2022 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба имзо расид, ки тибқи он андозаи музди маошу нафақа ва стипендияҳо аз 20  то  25 фоиз зиёд мегардад.

Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи Раёсати буҷети  давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода изҳор дошт, ки мутобиқи фармони мазкур аз 1 июли соли 2022 андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 600 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст. Ҳоло ин нишондиҳанда 400 сомониро ташкил мекунад.

Дар баробари ин, аз 1 январи соли равон музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад. Инчунин аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм (ба истиснои кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он), фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд мегардад.

Барои мисол, имрӯз агар маоши вазифавии муаллими тахассуси дараҷаи олӣ ба ҳисоби миёна 988 сомониро ташкил намояд, пас аз 1 июли соли ҷорӣ бо таваҷҷуҳ ба афзоиши 20-фоиза ба 1186 сомонӣ баробар мегардад. Дар баробари ин, ба муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки сарбории роҳбарии синфӣ ва мудири кабинетро ба уҳда доранд, инчунин тафтиши дафтар мегузаронанд, вобаста ба маоши вазифавии онҳо мутаносибан ба андозаи 10, 15 ва 20 фоиз иловапулиҳо пардохт карда мешавад. Яъне, маоши муаллими дорои тахассуси дараҷаи олии маълумоти олии касбӣ аз рӯи 1 ставка бо дарназардошти иловапулиҳо аз 1 июли соли ҷорӣ 1800 сомониро ташкил медиҳад.

Маоши вазифавии кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ  ба андозаи 20 фоиз  зиёд карда шуда, маоши вазифавии сарходими илмии пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ба ҳисоби миёна аз 1753 сомонӣ ба 2104 сомонӣ баробар мегарданд. Инчунин дар ҳолати доштани унвони илмӣ ба онҳо иловапулӣ ба андозаи 30 фоиз аз маоши вазифавӣ пардохт карда мешавад.

Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд гардида, пардохти он аз рӯи Дастурамал оид ба пардохти музди меҳнат амалӣ мегардад. Андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи мазкур ба 366 сомонӣ баробар карда шудааст. Ҳоло ин нишондиҳанда 305 сомониро ташкил медиҳад, яъне  маоши вазифавии сартабибон ба ҳисоби миёна дар беморхонаҳо ба 1782 сомонӣ, дар дармонгоҳҳо 2174 сомонӣ, маоши вазифавии табиби категорияи олӣ дар беморхонаҳо 1360 сомонӣ ва дар дармонгоҳҳо ба 1676 сомонӣ баробар мегардад. Бояд зикр кард, ки мувофиқи Дастурамал оид ба пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, барои кормандоне, ки дар деҳот кор мекунанд, нисбат ба мутахассисони дар шаҳрҳо бо ҳамин намуди фаъолият машғул музди маоши як дараҷа зиёд муқаррар карда шудааст. Инчунин маоши вазифавии кормандони муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ  аз маоши тарифии беморхонаҳо ду дараҷа зиёд муқаррар шудааст. Илова ба ин, ба табибон ва дигар кормандони тибб аз рўи имконияти хизматрасониҳои пулакии муассисаҳои тиббӣ маоши иловагӣ пардохт карда мешавад, гуфт Назокат Одиназода.

Ҳамзамон дар асоси фармони Президенти мамлакат зиёдшавии стипендияҳо ба андозаи 20 фоиз муайян карда шуда, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки шумораи гирандагони он 300 нафар мебошад, аз 500 сомонӣ ба 600 сомонӣ, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки  гирандагонашон 100 нафар мебошанд, аз 942 сомонӣ ба 1130 сомонӣ ва стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, ки шумораи гирандагон 15 нафар мебошад, аз 1130 сомонӣ ба 1356 сомонӣ расонида мешавад. Стипендияи давлатӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ- барои донишҷӯёни хубхон аз 225 сомонӣ ба 270 сомонӣ ва барои донишҷӯёни аълохон аз 311 сомонӣ ба 373 сомонӣ, инчунин дар муасисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои донишҷӯёни хубхон аз 157 сомонӣ ба 188 сомонӣ ва барои донишҷӯёни аълохон аз 225 сомонӣ ба 270 сомонӣ расонида мешавад.

Дар маҷмӯъ, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, барои татбиқи фармони мазкур танҳо дар соли равон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ беш аз  800 млн сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда мешаванд.

Дар робита ба афзоиши навбатии музди маошу стипендия ҳамзамон ҳаҷми нафақаи табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ятимон аз 1 июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи ин категорияҳои нафақагирон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда мешавад.

Дар ҳамин маврид сардори раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Вализода изҳор дошт, ки тибқи иҷрои фармони мазкур зиёда аз 90 ҳазор кӯдакони ноболиғ, яъне то 18-сола бо он фаро гирифта мешаванд. Яъне нафақаи категорияи мазкур тибқи ҳисобҳои пешакӣ ба андозаи 51 сомониву 75 дирам зиёд карда мешавад.

Дар  айни замон андозаи нафақаи миёнаи ятимони кулл 232 сомонӣ ва нимятимон 151 сомониро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, барои афзоиши навбатии нафақаи ятимон дар буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 50 млн сомонӣ маблағҳо пешбинӣ карда шудаанд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки тибқи таҷриба, баъди ҳар ду сол  бозҳисобии нафақаҳо татбиқ карда мешуд, вале бо таваҷҷуҳ ба таъсири бемории коронавирус ба иқтисоди кишвар ва тағйир ё қабули Кодекси нави андоз, ки меъёрҳои андозҳоро тағйир дод, дар ин сол аз эҳтиёт кор гирифта шуд.

«Мо соли 2022 имконияти молиявии худро омӯхта мебароем ва дар назар аст, ки солҳои оянда индексатсияи нафақа амалӣ карда шавад», -гуфт сардори раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Даврон Вализода.

 Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз муаллиф

Январь 26, 2022 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад