ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО. «Истиқлол» бо «Ал-Ҳилол» ва «Ал-Райян» рақобат мекунад
ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия маросими қуръакашии Лигаи чемпионҳои КФО баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар натиҷаи қуръакашӣ дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба гурӯҳи «А» шомил шуд. Ҳарифони чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Ал-Райян” (Қатар), инчунин ғолиби бозии плей-офф миёни дастаҳои “Шарҷа” (АМА) ва “Ал-Завраа” (Ироқ) мебошанд.
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии Осиё миёни клубҳо дар минтақаи Ғарб дар қолаби марказонидашуда аз 7 то 27 апрел доир мегарданд. Дар асоси низомнома ғолибони 10 гурӯҳ аз ду минтақа, ҳамчунин 6 даста, ки бо нишондиҳандаи беҳтар ҷои дуюмро дар гурӯҳашон сазовор мешаванд, ба 1/8-финал роҳхат мегиранд. Дар сурати ба даври дигар баромадан “Истиқлол” бозии даври 1/8-финалро 3 ё 4 феврали соли 2023 доир менамояд.
АКСҲО: ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд









CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






