«МАҚСАДҲОИ ГЛОБАЛӢ БАРОИ ҲАМА». Дар Дубай форуми тиҷоратӣ ба кор оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 20.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории «ЭКСПО-2020 Дубай» дар шакли омехта (ҳузурӣ ва маҷозӣ) Форуми тиҷоратии «Мақсадҳои глобалӣ барои ҳама» ва Ҳафтаи ҳадафҳои глобалӣ ба кор оғоз намуд, хабар доданд дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ҳадаф аз баргузории ин форум баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи Ҳадафҳои Рушди Устувор (SDGs) ва таъкид ба зарурати пурзӯр намудани уҳдадориҳо барои иҷрои ҳадафҳои даҳсолаи амал мебошад.
Иштироккунандагон зикр намуданд, ки танҳо тавассути шарикӣ дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ мо метавонем ба ин ҳадафҳои ҷаҳонӣ ноил шавем.
Дар кори форум намояндагони палатаҳои савдо ва саноат ва бахшҳои хусусии якчанд мамлакатҳо иштирок намуданд.
Бо дарназардошти он ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор дар ҳама сатҳҳои бахшҳои давлатӣ, хусусӣ ва ғайритиҷоратӣ афзалият медиҳад, дар форум роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти палатаҳои минтақавии Суғд ва Хатлон ва намояндагони бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
АКС аз ПСС Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






