Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии афғон бо собиқ президенти Фаронса мулоқот карданд
ДУШАНБЕ, 18.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ (ҶММ)- мухолифони ҳаракати радикалии «Толибон», ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардаанд, бо собиқ президенти Фаронса Франсуа Олланд мулоқот карданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора 14 январ дар саҳифаи худ дар Twitter сардори шуъбаи равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Алӣ Майсам Назарӣ хабар додааст.
«Барои ман мояи ифтихор буд, ки бори дигар бо ҷаноби олӣ, собиқ президенти [Фаронса] Франсуа Олланд мулоқот намоям. Мо рӯйдодҳои кунунии Афғонистон ва таҳдиди афзояндаи терроризмро баррасӣ кардем. Вай моро бовар кунонид, ки мардуми Фаронса ҳамеша орзуҳои демократии шаҳрвандони Афғонистонро пуштибонӣ менамоянд»,- гуфт намояндаи ҶММ.
Ба ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, роҳбари ҷабҳа Аҳмад Масъуд «бо Олланд тамоси телефонӣ гирифт ва дар бораи он ки дурнамои ояндаи Афғонистонро чӣ гуна мебинад, чӣ гуна дар он бояд демократия барқарор кард ва чӣ тавр бо таҳдиди афзояндаи терроризм бояд мубориза бурд, суҳбат намуд».
Ёдовар мешавем, ки ҳаракати “Толибон”* амалиёти густурда барои таъсиси назорат бар Афғонистонро пас аз эълони Амрико дар баҳори соли 2021 дар бораи хуруҷи неруҳои мусаллаҳи худ аз ин кишвар оғоз кард. 15 август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кард. Неруҳое, ки бо қудрати ифротгароён мухолиф буданд, дар шимоли вилояти Панҷшер муқовимат ташкил карданд, ки онро Аҳмад Масъуд роҳбарӣ мекунад.
6 сентябр сухангӯи толибон Забеҳулло Муҷоҳид хабар дод, ки Панҷшер комилан таҳти тасарруфи “Толибон”* аст ва аз ин рӯ ҷанг дар Афғонистон ба поён расидааст. Дар навбати худ Масъуд эълон кард, ки муқовимат бо толибон идома дорад ва тамоми сокинони кишварро ба шӯриши умумимиллӣ даъват намуд. Баъдан сардори шуъбаи равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Алӣ Майсам Назарӣ аниқ кард, ки ҷабҳа ба усули ҷанги партизанӣ мегузарад.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки ҳукумати аз ҷониби толибон ташкилшуда то ҳол аз тарафи ягон кишвари ҷаҳон расман эътироф нашудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон ва ҳамчунин абарқудратҳои бузурги ҷаҳон – Русия, ИМА, Туркия, Иттиҳоди Аврупо, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ аз толибон талаб мекунанд, ки ҳукумати фарогире таъсис диҳанд, ки қонуни байналмилалии башардӯстонаро эҳтиром ва ҳуқуқҳои инсон ва таъмини асосии озодиҳоро риоя намояд.
Қаблан профессори Мактаби олии иқтисодии Русия (ВШЭ) ва сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии МГИМО Андрей Казантсев дар суҳбат бо «Лента.ру» ҳушдор дода буд, ки “толибон наметавонанд бинобар сабабе, ки аз нав ба сари ҳокимият омадаанд, ба таври бунёдӣ тағйир кунанд». Вай гуфт, ки амалкарди толибон шояд тактикӣ бошад: онҳо бояд дастовардҳои худро муттаҳид созанд ва ба бозигарони байналмилалӣ нишон диҳанд, ки бо “одамони шоиста» сарукор доранд. Аммо дар ин роҳ, вақте ки мавқеъҳояшон муттаҳид мешавад, толибон ба тоб додани мехҳо шурӯъ мекунанд ва симои аслии худро нишон медиҳанд. Ва онҳо боз ғорат, куштор ва ҷорӣ кардани тартиботи радикалии худро идома медиҳанд.
_________________
* Ҳаракати радикалии мамнуъ дар Тоҷикистон ва якчанд давлатҳои дигар
АКС: Twitter









Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд






