ОМОДАГӢ БА БАҲОР. Дар шаҳри Турсунзода беш аз 55 ҳазор пиёзаки лола шинонида шуд

Январь 16, 2022 09:56

ДУШАНБЕ, 16.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри  Турсунзода барои омодагӣ ба озмуни «Сайри гули лола» беш аз 55 ҳазор пиёзаки лола дар мавзеъҳои вобасташуда шинонида шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чунин корҳо тибқи нақша дар ҷамоату деҳот, корхонву ташкилоти шаҳр бомаром идома доранд. Дар баробари ин, барои омода намудани мавзеъҳои сабзазори худуди шаҳру шоҳроҳ ва заминҳо ба мавсими нави сабзазоркунӣ  аз тарафи масъулин  тибқи талаботи агротехникӣ  корҳои ғизодиҳӣ ва нармкунӣ иҷро гардида истодаанд.

Ҷараёни иҷрои корҳои ободонию сабзазоркунӣ зери назорати мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода қарор дорад. Ҷиҳати иҷрои босифати  нақшаи сабзазоркунӣ дар мавсими нави хуррамгардонии  мавсими имсола ва  омода намудани қитъаҳои нав корбарӣ ҷараён  дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат тӯли се сол озмуни «Сайри гули лола» дар сатҳи ҷумҳуривӣ доир гардид. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.

АКС аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҲҶТ

Январь 16, 2022 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд