Риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ хатари бемории зукомро кам мекунад
ДУШАНБЕ, 7.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бар асари паст гардидани ҳарорати ҳаво паҳншавии бемориҳои роҳи нафас, аз ҷумла зуком афзоиш ёфтааст, ҳушдор медиҳад Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд. Аз ин лиҳоз марказ ба сокинон пӯшидани либосҳои гармро дар рўзҳои сард ва риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштиро тавсия медиҳад.
Тавре маълум аст, ҳамарӯза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбирҳо ва тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Ҳарчанд рӯзҳои охир ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта нашуда бошанд ҳам, вале мо бояд хеле ҳушёр бошем, зеро дар кишварҳои Аврупо ва минтақа аз хуруҷи мавҷҳои нави бемории коронавирус, бахусус навъи «омикрон» хушдор медиҳанд. Сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кўча баромадан, риоя накардани масофа дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ ва аз ҳама асосӣ- нагузаштан аз иммунизатсия бар зидди ин беморӣ медонанд.
Нафарони гирифтори штамми нави «омикрон» назар ба беморони гирифтори штамми «делта» бемориро каме сабуктар мегузаронанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки одамон гирифтори бемории вазнин нахоҳанд шуд. Бемории «омикронӣ»-ро низ мисли ҳолатҳои қаблӣ дарди сар, табларза ва осеби шуш ҳамроҳӣ мекунанд, ки ин аломатҳоро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар тамоми штаммҳо мушоҳида намудааст. Фаҳмидани он ки кӣ гирифтори «омикрон» шудаву кӣ аз «делта» сироят ёфтааст, ҳоло аз ҷиҳати клиникӣ қариб ки ғайриимкон гардидааст. Илова бар ин, дар мавриди гирифторӣ ба «омикрон» ҳамон усулҳо ва доруҳое, ки барои намудҳои қаблӣ буданд, самаранок мебошанд.
Эмкунии бустерӣ (ваксинатсияи такрорӣ ё реваксинатсия) дар одамони пурра ваксинашуда муҳофизати боэътимодро аз COVID таъмин мекунад. Бахусус ба насли калонсоли ваксинашуда тавсия дода мешавад, ки ҳарчӣ зудтар як маротибаи дигар аз эмкунӣ гузаранд. Онҳое, ки то ҳол ваксина нагирифтаанд, бояд фавран эм карда шаванд.
Бояд дар тамоми муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият тадбирҳои безараргардонӣ ҳамарӯза пурзӯр карда шаванд.
«Мо бояд хуб дарк намоем, ки саломатии мо дар дасти худамон аст. Ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, машғул шудан ба корҳои фоиданок, банд намудани фикри худ ба орзую омоли интихобнамудаамон дар зиндагӣ, хушбин будан дар ҳаёт моро аз чанголи ҳама гуна беморӣ мераҳонад»,- омадааст дар муроҷиатнома.
АКС аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






