Рустам Назарзода бо кормандон, афсарон ва сарбозони Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 14.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода бо роҳбарон ва ҳайати шахсии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд, сарварони шуъбаҳо ва шуъбаҳои ноҳиявӣ мулоқот кард, ҳамчунин аз қисми ҳарбии Кумита, мустақар дар қаламрави ин вилоят дидан намуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни мулоқот дар раёсат раиси кумита ҳисоботи сардорони шуъбаҳои раёсат ва шуъбаҳои ноҳиявиро дар мавриди тадбирҳои андешида дар соли 2021 ва нақшаҳо дар соли 2022, ҷараёни татбиқи “Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2018-2022”, ҳамчунин “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2022”, инчунин ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро шунид.
Инчунин оид ба қарорҳои ҳукумати ноҳия ва шаҳрҳои вилоят дар мавриди ҷудо намудани маблағ барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ байни аҳолӣ, тақвияти чораҳои муҳофизатӣ дар минтақаҳои осебпазир гузоришҳо шунида шуданд
Раиси Кумита оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои софдилонаи вазифаҳои хидматӣ, риояи интизоми ҳарбӣ, Оинномаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.
Мавзӯи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин роҳандозии корҳо барои пешгирии шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ бахши дигари суханронии Рустам Назарзода буд.
Дар идомаи сафари корӣ раиси Кумита аз қисми низомии Кумита, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дидан карда, бо шароити зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ, захираҳои ғизоӣ барои давраи зимистон дар анбори қисми ҳарбӣ, омодагӣ ба мавсими зимистон шинос шуд.
АКС : КҲФ ва МГ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






