Саъдӣ Каримзода: Соли 2021 аз Тоҷикистон 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 36 млн доллари ИМА содирот шудааст, ки нисбат ба соли гузашта аз рўи ҳаҷм 79 ҳазор тонна зиёд мебошад, иттилоъ дод Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО.
Ба гуфти вазир, дар содироти маҳсулоти кишоварзӣ зиёдшавӣ аз ҳисоби пиёз 6 ҳазор тонна, меваи хушк 25,5 ҳазор тонна, меваҷоти тару тоза ва ангур 43,3 ҳазор тонна мебошад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун соли қаблӣ бо дарназардошти 40 фоиз зиёд намудани майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ тибқи дурнамо кишти он соли 2021 низ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 65 312 гектар пешбинӣ гардида, дар майдони 58239 гектар кишт гузаронида шуд, ки 89 фоизи дурнамои пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои дурнамои кишти картошка асосан аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 28 фоиз, вилояти Суғд 11 фоиз, вилояти Хатлон 10 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои Ҳисор 33 фоиз, Файзобод 33 фоиз, Нуробод 67 фоиз ва Тоҷикобод 8 фоиз таъмин нагардид.
Зимни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки барои замина гузоштан ба ҳосили соли 2022 то оғози соли равон дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ кишти сабзавоти барвақтӣ дар майдони 12246,8 гектар, аз он пиёз 8657 гектар, карам 792 гектар, сабзӣ 1821 гектар, сирпиёз 55,6 гектар, дигар сабзавот 921 гектар ва сабзавоти тухмӣ 28 гектар гузаронида шудааст.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст






