ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 январ, ҷумъа, 14-умин рӯзи соли 2022 аст

Январь 14, 2022 08:00

14 январи соли 2010 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пер Морел  масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

***

9 сол пеш,  14 январи соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ба муносибати 20-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии байни ду мамлакат барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Парижи Франсия маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Монако (Князигарӣ) баргузор гардид.

 14 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Узбекистон — Рӯзи ҳимоятгарони Ватан.

РӮЙДОДҲО:

 14 январи соли 1993 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муносиботи дипломатӣ барқарор гардиданд.

***

14 январи соли  2004 дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони корӣ баргузор гардид.

***

5 сол пеш, 14 январи соли 2017 дар  Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти Оркестри асбоби мусиқии миллии вилояти Гуандуни Чин баргузор гардид.

***

14 январи соли  1907 заминҷунбии шадид қисми зиёди шаҳри Кингстони Ямайкаро нобуд кард, ки дар натиҷа 1400 нафар ба ҳалокат расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ … 

Соли 1972 аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳодияи пӯст ва пойафзоли Душанбе таъсис дода шуд.

Январь 14, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарҳои муҳимтарин

Маводҳои таҳлилӣ