ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 январ, шанбе, 15-умин рӯзи соли 2022 аст
15 январи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони вохӯрӣ доир намуданд.
***
9 сол пеш, 15 январи соли 2013 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки рушди чорводорию парандапарварӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ низ таъмин карда шавад.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Рустами Эмомалӣ аз нав ба муҳлати чор сол президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб карда шуд.
15 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Япония – Рӯзи калонсолон.
***
Рӯзи эътирофи байналмилалии Хорватия.
***
Дар Нигерия – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ ва Рӯзи хотирот.
РӮЙДОДҲО:
15 январи соли 2010 чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи Олӣ-клуби футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа барои иштирок дар мусобиқоти XVIII байналмилалӣ оид ба футбол ва дарёфти «Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика ба шаҳри Москваи Россия сафар кард.
***
Дар ин рӯзи соли 1941 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон НБО «Хоруғ» ба истифода дода шуд.
***
15 январи соли 2018 масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
***
15 январи соли 1974 дар Юнон Конститутсияи соли 1952 барқарор карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2001 «Википедия»- яъне Донишномаи озод ташкил шуд.
***
15 январи соли 2011 раъйпурсӣ ба хотири истиқлоли Судони Ҷанубӣ ба охир расид, ки он 9 январ оғоз гардида буд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 1826 дар Париж аввалин шумораи рӯзномаи «LeFigaro» нашр шуд.
***
Соли 1892 омӯзгори канадагӣ-америкоӣ Ҷеймс Нейсмит аввалин маротиба қоидаҳои бозии баскетболро дар рӯзномаи мактабӣ ба нашр расонид.