Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун мегузаронад
ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор миёни ташкилотҳои ибтидоии шаҳр дар соли 2022 озмуни “Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ” гузаронида мешавад.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, масъалаи мазкур дар маҷлиси ҷамъбасти солонаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор мавриди муҳокима қарор гирифта, низомномаи озмун тасдиқ карда шудааст.
Низомнома масъулияти ташкилоти ибтидоиии ҲХДТ дар шаҳри Ҳисорро муқаррар намуда, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2019 ҷиҳати пурзӯр намудани самти фаъолияти сиёсии ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳри Ҳисор таҳия гардидааст.
Озмуни мазкур аз рӯйи шарт ва номинаҳои “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ”, “Таблиғотчии беҳтарини ҳизбӣ аз ҳисоби собиқадорон, бонувон ва ҷавонон”, “Таблиғотчии беҳтарин дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ”, “Беҳтарин утоқи ҳизбӣ”, “Беҳтарин бахши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва “Фаъолтарин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” гузаронида мешавад.
Дар ҷамъбасти озмун ба ғолибон ҷоиза, диплом ва туҳфаи хотиравӣ тақдим мегарданд.
АКС: КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






