Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ва Театри давлатии академии калони Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон.
Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории фарҳангӣ созишномаи ҳамкории мутақобилан судманд буда, ба рушди муассир ва таҳкими робитаҳои дӯстонаи театрҳо мусоидат мекунад.
Ҳуҷҷати имзошуда барои фаъолияти гастроли дастаҳои ҳарду тараф имконияти васеъ фароҳам меорад. Дар оянда театрҳо метавонанд солистон ва гурӯҳҳои иҷрокунандаро иваз кунанд ва лоиҳаҳои якҷояи эҷодиро амалӣ намоянд.
Тибқи Ёддошти тафоҳум мутахассисони варзидаи ҳарду театр метавонанд дарсҳои маҳорат баргузор намуда, дар озмунҳои мусиқӣ, фестивалҳо ва дигар чорабиниҳо ширкат варзанд.
АКС аз сомонаи Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






