ТОҶИКИСТОН — САРЗАМИНИ ДОРОИ МАРДУМИ СОҲИБМАЪРИФАТ ВА ТАБИАТИ НОТАКРОР. Дар Фаронса кишвари моро чунин дарёфтанд
ДУШАНБЕ, 11.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, маросими пўшидашавии Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 8 январи соли 2022 баргузор гашт. Дар маросими пўшидашавӣ ходимони сиёсӣ, намояндагони вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Фаронса, олимон, ҳунармандон, бостоншиносон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, аҳли илму фарҳанги тоҷики муқими шаҳри Париж ва масъулини сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ширкат варзиданд.
Дар маросими пўшидашавӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода суханронӣ намуд. Дар суханронӣ, аз ҷумла зикр карда шуд, ки аз тариқи намоишгоҳи мазкур мардуми Фаронса ва Аврупо дар бораи кишвари зебои кӯҳистонии мо маълумоти ҷолибу васеъ гирифта, заминаи хубе барои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Фаронса фароҳам оварда шуд.
Ҳамзамон, ба роҳбарияти кишвари ба мо дўсти Фаронса, Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме» ва шахсан ба директори он – хонум Софи Макариу, инчунин ба ҳамаи онҳое, ки дар баргузории Намоишгоҳи мазкур ва тайи ин муддат дар фаъолияти он саҳм гузоштанд, сипоси бепоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд. Умед бар он карда шуд, ки минбаъд низ тавонем тавассути чунин чорабиниҳои бошукўҳ паҳлўҳои дигари таъриху фарҳанги миллати тоҷикро дар ин кишвари соҳибтамаддун ва фарҳангсолор муаррифӣ намоем.
Дар анҷоми маросими пўшидашавӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса директори Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж хонум Софи Макариу ва нигоҳдорандаи коллексияҳои Хитой ва Осиёи Марказии осорхонаи мазкур хонум Валери Зелески бо орденҳои «Дўстӣ» мукофотонида шуданд. Аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Э. Насриддинзода ба шахсони мазкур аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатӣ супорида шуд.
Ҳамзамон, аз номи Роҳбари давлат ба муовини директори Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж хонум Катя Молэ туҳфаи хотиравӣ (куртаи чакан, муҳраҳои миллии тоҷикӣ) супорида шуд.
Хонумҳо Софи Макариу, Валери Зелески ва Катя Молэ барои чунин қадрдонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоси бепоён намуданд.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон, ба шарафи 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ ёфт.
Намоишгоҳи «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» бо мақсади муаррифӣ намудани тамаддуну фарҳанги қадимаи тоҷикон дар мисоли ёдгориҳои бостонӣ, ки дар мавзеъҳои таърихии мамлакат, аз ҷумла Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Панҷакенти қадима, қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук, Аҷинатеппа дарёфт шудаанд, баргузор гардид. Дар намоишгоҳ ҳудуди 300 адад ёдгории таърихӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, дар муддати се моҳ мардуми Фаронса ва шаҳрвандони дигар кишварҳои Аврупо имкони мусоид пайдо карданд, то ин ки бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик шинос шаванд.
Ба василаи ёдгориҳои таърихӣ, ки аз қаламрави кишвари мо пайдо шудаанд, таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон, саҳми фарзандони баруманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, давлатдории тоҷикон дар давраҳои гуногун, мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ, зебоиҳои нотакрори табиати Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки баргузор гардидани Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж дар таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвари дўст – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса нақши бузург бозид.
ДАР АКС: Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Фаронса Эманнуэл Макрон зимни боздид аз Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимей Ҷумҳурии Фаронса, (13.10.2021). АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон ба сардори ташрифоти Вазорати федералии корҳои аврупоии Австрия нусхаҳои эътимодномаҳояшро супорид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико нусхаҳои эътимодномаҳои худро ба Котиботи давлатии ИМА супорид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Непал эътимоднома супорид
Сафири Тоҷикистон дар Форум оид ба иқтидори ашёи хоми минералӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба натиҷаҳои Вохӯрии 7-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» қабул намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Москва дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология иштирок намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ расман ба кор оғоз намуд
Дар Париж доир ба татбиқи қатъномаи «Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ, 2025-2034» ҷаласа баргузор гардид
Машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Испания нусхаи эътимоднома супорид






