Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» муаррифӣ гардид

Январь 17, 2022 15:54

ДУШАНБЕ, 17.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020», ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дорад, 9 январ Ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон оғоз гардид, ки то 22 январи соли 2022  идома хоҳад кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Дар ин замина 16 январ дар шаҳри Дубай таҳти унвони «Эко – сайёҳӣ дар Тоҷикистон» Форуми сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА, Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази иттилооотии хизматрасониҳои сайёҳӣ”-и Кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии АМА, инчунин доираҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Форумро Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА ва Палатаи савдо ва саноат ташкил намуд.

Дар маросими ифтитоҳи форум муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода ва Сафири Тоҷикистон дар АМА Баҳодур Шарифӣ суханронӣ намуда, оид ба имконияти бузурги сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, таърихиву фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва саргузаштию шикор, обҳои шифобахш ва табобатӣ ба ширкаткунандагони ҳамоиш маълумоти муфассал манзур намуданд, ки аз ҷониби иштирокчиён бо таваҷҷуҳи зиёд қабул гардид.

Дар самти рушди сайёҳии Тоҷикистон вобаста ба ҷорӣ гардидани низоми раводиди электронӣ аз 1 январи соли 2022 тартиби пешниҳоди низоми бераводид бо 52 мамлакати дунё, эълон гардидани соли 2018  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эътироф шудани соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ маълумоти муфассал пешниҳод шуд, ки ҷониби соҳаи сайёҳии АМА-ро мутаассир гардонида, ҷалб намуд.

Аз ҳозирин даъват гардид, ки ба мавзеъҳои нотакрори сайёҳии Тоҷикистон ташриф оварда, бо таъриху фарҳанги бойи қадима, оинҳои мардумӣ, кӯҳҳои осмонбўсу обҳои мусаффо, манзараҳои дилфиребу табиати биҳиштосои тоҷикон шинос шуда, ҳам истироҳат намоянд ва ҳам табобат гиранд.

Пас аз анҷоми форум меҳмонон ба павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЭКСПО-2020 ташриф оварда, бо имконияти сайёҳӣ, сарчашмаҳои обҳои мусаффо ва шифобахш, ҳайвоноти нодир, таъриху фарҳанг, иқтидорҳои саноатӣ ва содиротӣ, намунаҳои молҳои истеҳсолӣ, имконияти сармоягузорӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлолият шинос шуданд.

Ҳамчунин ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо ҳамтоёни худ оид ба мубодилаи сафарҳои сайёҳӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории қавии муштарак гуфтушунид намуданд.

Намоишгоҳи мазкур платформаи муҳим оид ба имконияти сайёҳии ҳар  давлат маҳсуб мешавад.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои таблиғи захираҳои сайёҳии кишвар иштирок менамоянд.

Иштирок ва муаррифии ҳарчи бештари захираҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии “ЭКСПО-2020” хеле ба маврид буда, имконият медиҳад, ки байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, ҷалби сайёҳони хориҷӣ аз қораи Осиё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маротиб зиёд карда шавад.

Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар АМА, шурӯъ аз аввали кушодашавии ЭКСПО-2020 дар шаҳри Дубай то имрӯз ба павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЭКСПО-2020 зиёда аз 350 ҳазор нафар меҳмонон аз кишварҳои гуногуни дунё ташриф овардаанд.

АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳӣ

Январь 17, 2022 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид