Ҳайати АМА барои иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба об даъват шуд

Февраль 3, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА) Баҳодур Шарифӣ бо муовини Вазири энергетика ва инфрасохтори АМА Шариф ал-Улама 1 феврал баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот масъалаҳои рушд ва тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, иштироки фаъолонаи ширкатҳои сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва инфрасохторӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Тавре дар ВКХ таъкид гардид, ҷониби Тоҷикистон ҳайати намояндагони баландпояи АМА-ро барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» даъват намуд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мегардад.

АКС: ВКХ Тоҷикистон

Февраль 3, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид