Ҷамолиддин Абдуллозода аз беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ дидан кард

Февраль 12, 2022 10:22

ДУШАНБЕ, 12.02.2022. /АМИТ «Хова»/. 11 феврал ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба вилояти Хатлон сафар намуда, бо фаъолияти беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ шинос шуд, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти шуъбаҳои беморхонаҳои мазкур шинос шуда, ҳамзамон бо беморон ва наздикони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод. Мавсуф зикр кард, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта, корҳои назаррас ба анҷом расонид.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни вохурӣ бо роҳбарият ва кормандони беморхонаҳои мазкур масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, одоби муоширати табибон бо беморон, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва ғайраро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Февраль 12, 2022 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд