«ҚАСАМ БА НОМАТ, ЭЙ ВАТАН!». Сарбозони ихтиёрӣ пас аз адои хизмати якмоҳаи ҳарбӣ савганд ёд намуданд
ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойгоҳи марказҳои таълимии «Фахробод»-и вилояти Хатлон ва «Чоруқдарон»-и вилояти Суғд 450 нафар сарбозоне, ки тибқи талаботи моддаи 37-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ихтиёран ва бо пардохти маблағи муайян дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷалб гардида буданд, хизмати ҳарбиро бо гузаштан аз ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ адо карда, баҳри садоқат ба халқу Ватан Савганди ҳарбӣ ёд намуданд.
Маросими савгандёдкунии сарбозон дар майдони сафороии Маркази таълимии «Фахробод»-и вилояти Хатлон таҳти оҳанги суруди Тобиш Ҳилолӣ «Қасам ба номат, эй Ватан!» дар иҷрои оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ва бо ворид намудану аз назди ҳайати шахсӣ гузаронидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Тавре зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода иброз дошт, тибқи қоидаҳои низомиён, баъди ворид намудани Парчами давлатӣ ба майдон командири вобастагардидаи сарбозони ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ оид ба омодагии онҳо баҳри қабули Савганди ҳарбӣ гузориш дод. Ҳамзамон бо амри командир сарбозон тибқи тартиби муқарраргардида дар маркази майдони чорабинӣ саф ороста, ба ёд кардани Савганди ҳарбӣ шурӯъ намуданд.
Баъди дар амал татбиқ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021 ин сарбозон аз шумори аввалинҳое мебошанд, ки дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ва бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбии ҳатмӣ Савганди ҳарбӣ ёд намуда, бо гирифтаи билети ҳарбӣ ва рутбаи қаторӣ хизматро ба анҷом расониданд.
Ҳамин гуна маросими савгандёдкунии сарбозони ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар Маркази таълимии «Чоруқдарон»-и вилояти Суғд бо шукӯҳи хосса ва хотирмон сурат гирифт. Сарбозоне, ки хизматро адо намудаанд, аз ширкат дар ҷамъомади 30-рӯзаи ҳарбӣ дар ҳарду маркази таълимӣ таассуроти хуб баён намуданд.
Бо ҳамин тартиб, дар пойгоҳи Маркази таълимии «Фахробод»-и вилояти Хатлон 285 нафар ва дар Маркази таълимии «Чоруқдарон»-и вилояти Суғд 164 нафар сарбозон хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба анҷом расониданд.
Дар ҳарду маркази таълимӣ барои хизмати рӯзмарраи ҳайати шахсӣ, нигаҳдории онҳо ва ташкилу баргузор намудани дарсу машғулияти назариявию амалии саҳроӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, барномаҳои таълимии сарбозон мутобиқ ба 30 рӯзи хизмат дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ таҳия, тасдиқ ва амалан татбиқ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ- ин навоварӣ ва шакли нави хизмати ҳарбист. Яъне, тибқи талаботи моддаи 37-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки он 29 январи соли 2021 дар тарҳи нав қабул карда шуд, шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола, ки ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ба таври ихтиёрӣ ва бо супоридани маблағ ба суратҳисоби махсус, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021 тасдиқ шудааст, хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намоянд.
Зикр карда шуд, ки маблағ барои даъват дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар ҳаҷми 420 нишондиҳанда муқаррар карда шудааст. Соли 2022 ин нишондиҳанда ба 26 ҳазору 880 сомонӣ баробар мебошад.
АКСҲО аз Вазорати мудофиаи ҶТ









Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






