Дар Тоҷикистон баҳогузорӣ ба сифат ва сатҳи азхуднамоии барномаҳои таълимӣ ба раванди меъёрҳои фаннию касбӣ мутобиқ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 14.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки соли 2022 индикатор ва меъёрҳои муайянкунандаи сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкуниро дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар карда, баҳогузорӣ ба сифат ва сатҳи азхуднамоии барномаҳои таълимиро ба раванди ислоҳот ва стандартҳои фаннию касбӣ мутобиқ намояд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори ин ниҳод Шоҳин Саидзода ба доираи васеи хабарнигорон хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби кормандони Агентӣ ҷиҳати арзёбӣ намудани сифати таҳсилот, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ намудани забонҳои русӣ ва англисӣ давоми соли ҳисоботӣ омӯзиш ва мониторинги сифати таҳсилот тибқи нақшаи корӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот гузаронида шуд.
Дар соли сипаригардида тибқи нақшаи кори Агентӣ барои муайян намудани сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён дар 831 муассисаи таълимӣ санҷиш гузаронида шуд. Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии санҷидашудаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сатҳи донишазхудкунии хонандагон 77,6 фоиз ва сифати таҳсилот 38,4 фоизро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «… раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






