COVID-19. 89,4 фоиз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ваксинатсия бар зидди коронавирус фаро гирифта шуданд

Февраль 25, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 25.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. То 23 феврал 5 миллиону 8 ҳазору 284 нафар ё 89,4 фоиз шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 4 миллиону 288 ҳазору 826 нафар ё 76,6 фоиз шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вояи сеюми ваксинаро то кунун 315 ҳазору 476 нафар шаҳрвандони кишвар гирифтаанд.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо сокинони мамлакат бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд ва аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар, хоссатан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидди бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

То имрӯз ба ҷумҳурӣ тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кумакҳои башарӣ 11 269 920 вояи ваксинаҳои «АстраЗенека», «КоронаВак», «Модерна», «Спутник V» ва «П файзер» ворид карда шуда, мавриди истифодаи самаранок қарор дода шудаанд.

 

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Февраль 25, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид