Дар Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи муқаррароти Кодекси андоз дар низоми бонкӣ шарҳ дода шуд

Февраль 19, 2022 11:02

ДУШАНБЕ, 19.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кодекси нави андоз барои низоми бонкӣ коҳиш додани гарониҳои андозӣ пешбинӣ гардида, ҳамзамон масъалаҳои баҳснок, мушкилоти духӯрагӣ ва дигар ҷанбаҳои андозбандӣ ба танзим дароварда шуданд. Ин нуктаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми бонкӣ, ки дар Душанбе бо иштироки намояндагони ташкилоти қарзии молиявии кишвар баргузор гардид, зикр намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба БМТ.

Ҳоким Холиқзода гуфт, ки масъалаҳои андозу буҷет, кам кардани гаронии андозҳо, содагардонӣ ва маъмурикунонии низоми андозбандӣ ва дар ин замина дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт зери таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019 аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо назардошти пешниҳоди вазорату идораҳо, шарикони рушд, намояндагони бахши хусусӣ, ташкилоти қарзии молиявӣ ва дигар ташкилоти ҳамкор таҳия гардида, 23 декабри соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шуд. Ҳадафи таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт ҷавобгӯ намудани андозбандии кишвар ва содаву оммафаҳм намудани муқаррароти он буда, барои аз байн бурдани омилҳои фардӣ ва кам намудани дахолат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ бо роҳи маъмурикунонии андоз ва дар ин замина коҳиш додани гаронии андоз мебошад.

Дар раванди таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз масъулини БМТ дар Гурӯҳи кории байниидоравии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, барои ба инобат гирифтани пешниҳодҳои низоми бонкӣ корбарӣ намуданд, ки аксари таклифу пешниҳодҳо ба инобат гирифта шуданд.

Директори Департаменти ҳисобдорӣ Насим Охунов тағйиру иловаҳоро дар Кодекси андоз ба ҳозирин муаррифӣ намуда, ҳар як тағйиру иловаи воридгардидаро бо назардошти таҳлили санади меъёрии ҳукуқии қаблӣ ба таври муфассал тавзеҳ дод. Вай зимни рӯнамо оид ба фаъолияти гурӯҳи кории БМТ ҷиҳати ҷамъоварии пешниҳодҳои низоми бонкӣ ва суғурта, гурӯҳбандӣ ва асосноккунии пешниҳодҳо дар Гурӯҳи кории байниидоравӣ, инчунин қисми умумии Кодекси андоз, андоз аз даромад, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳидаи марбут ба низоми бонкӣ, андози иҷтимоӣ, андоз аз арзиши иловашуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, дар зимн аҳли нишастро бо тағйироти асосии вобаста ба низоми бонкӣ ва суғурта шинос намуд. Зикр шуд, ки ин ташаббус ба ҷараёни фаъолияти низоми бонкӣ сабукӣ оварда, имкони беҳтар намудани хизматрасонии молиявиро ба аҳолӣ таъмин месозад.


Миёни роҳбарияти БМТ ва намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон доир ба моддаҳои алоҳидаи Кодекси андоз ва имконоти фароҳамгардида фикру андешаҳояшонро иброз намуданд.

Гуфта шуд, ки Кодекси андоз дар таҳрири нав ҳамчун заминаи ҳуқуқии танзимкунандаи самти андозбандӣ мукаммал гардида, дар он қисми зиёди пешниҳодҳои низоми бонкӣ ба инобат гирифта шудаанд. Ин тағйирот якчанд имкониятҳоро барои рушди низоми бонкӣ ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти кишвар фароҳам оварда, ба афзоиши сармоягузориҳо, вусъати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва таъмини дастрасии молиявӣ таъсири мусбат мерасонанд. Аз ин рӯ ташкилоти қарзиро зарур аст, ки бо назардошти ба инобат гирифтани муқаррароти Кодекси андоз фаъолияти босамар ва босуботи низоми бонкиро таъмин намоянд.

Барои таъмини эътимоднокии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ва роҳ надодан ба камбудиҳо дар раванди ҳисобу пардохти андозҳо, таъмини шаффофияти ин раванд, ҷалби бештари сармоягузориҳо ва тақвияти заминаи сармоявӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, вусъати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ барои дастрас намудани захираҳои қарзии арзон ва дарозмуҳлат тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҷиҳати саҳм гузоштани низоми бонкии мамлакат дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ташкилоти қарзии молиявӣ даъват ба амал оварда шуд.

 

АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон

Февраль 19, 2022 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингард оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда мешавад
Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031 муаррифӣ гардид
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Сарвари давлат: «Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
Дар даҳ соли охир ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 670 миллиард сомонӣ равона гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шавад»
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид