Дар Ашт майдончаи варзишӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт майдончаи варзишӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Талаб Каримов бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, барои футболи хурд пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ифтитоҳи он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, бунёди чунин иншоотро барои рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, гуфт, ки наврасону ҷавонон бояд аз имконияти мавҷуда пурсамар истифода баранд.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия се мактаби варзишӣ ва даҳҳо толору майдончаҳои варзишӣ фаъолият дошта, ҷалби ҳарчӣ бештари аҳолӣ ба варзиш мувофиқи мақсад мебошад.
Дар ҳамин ҷамоат синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 63 ба истифода дода шуданд. Бунёди синфхонаҳои иловагӣ моҳи июни соли 2021 оғоз гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорону саховатмандон бо харҷи 100 ҳазор сомонӣ чор синфхонаи нав сохта шуд.
Раиси вилоят иқдоми соҳибкорон ва сокинони ҷамоатро шоистаи пайравӣ унвон намуда, иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф диққати махсус дода мешавад. Дар доираи амалишавии нақшаву тадбирҳои судманд ҳамасола дар вилоят даҳҳо биноҳои нави таълимӣ сохта мешаванд.
Дар зимн супориш дода шуд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас, азхудкунии касбу ҳунар ва забономӯзии хонандагон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






