Дар Душанбе масъалаи бо мутахассисони касбӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии пойтахт муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки масъулини донишгоҳ, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо мутахассисони касбӣ бо хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ зикр гардид, ки Сарраёсати маориф ҷиҳати ҷалби мутахассисони касбӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе тамоми чораҳоро роҳандозӣ намуда истодааст. Аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар асоси роҳхат соли 2017 28 нафар, соли 2018 26 нафар, соли 2019 51 нафар, соли 2020 34 нафар ва соли 2021 27 нафар, дар маҷмӯъ дар 5 сол аз ҷониби донишгоҳи мазкур 166 нафар мутахассисони касбӣ барои фаъолият дар муассисаҳои таълимии пойтахт сафарбар шуданд, ки ин ҳамкории хуби муассисаро нишон медиҳад. Дар 5 соли фаъолият то ҳолати имрўз ба ягон нафар хатмкунандаи Донишгоҳи миллӣ бинобар сабаби кифоят накардани сатҳи малака аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷавоби рад пешниҳод нагардидааст.
Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи касбӣ, дар амал иҷро намудани методи омўзгорӣ, методикаи таълим, озмоиши сатҳи дониши психологияи синну солии мутахассисони равияи омўзгории Донишгоҳ Сарраёсати маориф омода аст барои дар заминаи муассисаҳои таълимии шакли нав таъсис додани кафедраҳои психология ва методикаи таълими Донишгоҳ ҳамкорӣ ба роҳ монад.
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хатмкунандагони хоҳишманди гурўҳҳои шартномавии равияи омўзгории ихтисосҳои технологияи иттилоотӣ, физика, математика, биология, химия, таърих ва ҳуқуқ, забони англисии Донишгоҳи миллиро, ки бо роҳхат ҳозир мешаванд, пурра ба ҷои кор таъмин менамояд.
Зикр гардид, ки дар шаҳри Душанбе 192 муассисаи таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли моликият фаъолият доранд, ки дар муассисаҳои мазкур 11 213 нафар омӯзгорон (аз ин шумора 8716 нафар занон) фаъолият доранд. Айни замон муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дорои 2127 адад кабинетҳои фаннӣ: аз ҷумла 181 адад кабинети физика, 151 адад кабинети химия, 178 адад кабинети биология, 112 адад кабинети география, 199 адад кабинети математика, 291 адад кабинети технологияи информатсионӣ, 93 адад кабинети суруд ва мусиқӣ, 98 адад тайёрии ибтидоии ҳарбӣ, 101 адад таърих, 174 адад забони хориҷӣ, 236 адад кабинетҳои лингофонӣ, 129 адад технологияи меҳнат барои писарон, 142 адад технологияи меҳнат барои духтарон, 33 адад санъати тасвирӣ ва нақша, 13642 адад компютер, 1493 адад тахтаи электронӣ ва 1609 адад проектор мебошанд.
АКСҲО: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад






