Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо иштироки афсарзанону ҷавондухтарони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиш доир шуд

Февраль 19, 2022 09:45

ДУШАНБЕ, 19.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарзанони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат дар мавзӯи «Нақши занон дар таҳкими тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ғояҳои арзишҳои миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд, мақсад аз баргузории ҳамоиши мазкур талқини ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ миёни ҷавонон буда, баргузории он дар дигар қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ идома дорад.

Дар ҳамоиш муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозим Иброҳимзода, собиқадори соҳа Рафиқа Мӯсоева, шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ва Меҳринисо Бобобекова сухан гуфта, аз хизмати содиқонаву софдилонаи хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла занону бонувон изҳори сипос карда, ба онҳо дар уҳдадориву масъулияти минбаъдаашон комёбӣ таманно намуданд.


Зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми беназири Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар устувории пояҳои Артиши миллӣ ва таъмини он бо шароити мувофиқ барои иҷрои уҳдадории конститутсионӣ ва шаҳрвандӣ назаррас аст.

Мафҳуми Ватан ва бузургдошти он аз қадимулайём дар адабиёти ғановатманди тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Соли 1993 дар солномаи таърихи Ватани мо барои низомиён соли таърихист, зеро бо ташаббусу ибтикори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуданд. Аз ин рӯ, ҳиссаи Артиши миллӣ дар ҳифзи марзу бум, таъмини амнияти мардум, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне истиқлолияти давлати тоҷикон ниҳоят бузург аст.

Дар фарҷом ба як гурӯҳ иштирокчиён ва фаъолони ҳамоиш сипоснома ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.


АКСҲО: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ

Февраль 19, 2022 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид