Дар Малайзия Ҳафтаи кинои Тоҷикистон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи марти соли равон дар Малайзия Ҳафтаи кинои Тоҷикистон баргузор мегардад, иттилоъ доданд аз МД «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар».
Дар ин рӯзҳо дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия филмҳои ҳунарии «Рустам ва Суҳроб»-и коргардон Борис Кимягаров, «Муаллим»-и коргардон Носир Саидов, «Сафари ҳавоӣ»-и коргардон Далер Раҳматов ва филми тасвирии «Зани порсо» намоиш дода мешаванд.
Ҳадаф аз баргузории ҳафтаи кинои тоҷик тарғибу муарррифии фарҳангу санъат ва таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҷаҳониён ва шиносоӣ пайдо намудани сокинони Малайзия бо санъати кинои мардуми тамаддунсозамон мебошад.
АКС: МД «Тоҷикфилм»








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






