Дар маркази таълимии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Рӯзи дарҳои кушод ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 9.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист» Рӯзи дарҳои кушод ташкил карда шуд, иттилоъ доданд дар бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Дар он муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода ва муовини қисми ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявӣ Нусратулло Каримов иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо талқини ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ миёни ҷавонон буда, баргузории он дар дигар қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ идома дорад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми беназири Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар устувории пояҳои Артиши миллӣ ва таъмини он бо шароити мувофиқ барои иҷрои уҳдадории конститутсионӣ ва шаҳрвандӣ назаррас аст.
Масъалаи ватандӯстӣ яке аз масъалаҳои калидӣ дар тарбия ва ташаккули насли наврасу ҷавони кишвар маҳсуб шуда, адои уҳдадории ҳарбӣ рисолат ва қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард мебошад.
Дар Рӯзи дарҳои кушод дар қисми низомӣ 100 нафар ҷавонони синни даъватӣ иштирок намуданд. Ҷавонони синни даъватӣ аз имконияти мавҷудаю воқеии қисми ҳарбӣ ва маркази таълимии пойтахт, ошхона, хобгоҳ, хонаи маишӣ, хонаи истироҳатӣ, ҷойи машқу таълимгоҳ, майдону толори варзишӣ, китобхона ва осорхона дидан намуданд.
Зимни боздид аз маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷавонони синни даъватӣ бо машқи таълимии кинологӣ шинос шуда, корнамоии сагони омодашударо барои анҷоми амалиёти тактикии ҳарбӣ аз наздик диданд.
Дар хатми чорабинӣ ба ҳайати шахсиву сарбозону афсарон аз ҷониби Кумита сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






