Дар шаҳри Калинингради Русия ҳалли масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ шуд

Февраль 23, 2022 13:46

ДУШАНБЕ, 23.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират бо масъулини соҳа, муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Калинингради Федератсияи Русия вохӯрӣ доир намуд. Дар ҷамъомад масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнат, расонидани машварату кумакҳои ҳуқуқӣ, мусоидат ба ҳалли масъалаҳо дар самти расонидани ёрии тиббӣ ва дигар масъалаҳои муҳими муҳоҷиратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар дод масъули бахши матбуоти Намояндагии мазкур Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар».

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия имкон фароҳам омадааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистону Русия дар худуди кишварҳои ҳамдигар ба фаъолияти меҳнатӣ пардохта, муваққатан дар доираи санадҳои ҳамкории дуҷониба кору фаъолият ва зиндагонӣ намоянд. Шароити фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар имконият медиҳад, ки дар баробари фаъолияти меҳнатӣ, онҳо ба баланд бардоштани тахассус ва омӯзиши касбу ҳунар дар хориҷи кишвар бипардозанд.

-Тоҷикон дар олам бо фарҳангу таърихи бостонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ шинохта шудаанд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ин рисолати таърихии ниёгонамонро идома дода, дар ҳар куҷое, ки бошем бо рафтору гуфтори намунавӣ номбардори Тоҷикистон бошем! Дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ зарур аст, ки ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ тартиботи дохилиро риоя карда, барои ташаккули муносибатҳои дӯстонаи халқи тоҷику рус саҳмгузор бошем, — таъкид карданд иштирокдорони ҷамъомад.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Калинингради Федератсияи Русия Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикон «Рӯдакӣ» фаъолият дошта, пайваста дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баҳри мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Айни замон бо мусоидати ташкилоти ҷамъиятии «Рӯдакӣ» ва дастгирии ҳукумат таъмири капиталии бинои марказии мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ оғоз гардида, дар ояндаи наздик мавриди истифода қарор дода мешавад. Пас аз ба истифода додани ин марказ муҳоҷироне, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба минтақаи мазкур сафар менамоянд, имконият пайдо мекунанд аз хизматрасонии он истифода баранд.

Дар охир аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба масъулини Намояндагӣ вобаста ба фаъолияти меҳнатии худ саволҳо пешниҳод карданд, ки ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.

 

Акс: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират

Февраль 23, 2022 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар моҳи Рамазон бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад»
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад