Дар Тоҷикистон маърифати суғуртакунонии шаҳрвандон боло рафтааст

Февраль 15, 2022 08:50

ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 90 фисади воридоти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» аз ҳисоби шакли суғуртаи ихтиёрӣ мебошад, ки ин гувоҳи боло рафтани маърифати суғуртакунонии мардуми кишвар аст. Ин нуктаро директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз дошт.

Ба иттилои мавсуф, агар 3 сол қабл тақрибан 70 фоизи воридоти корхона аз ҳисоби суғуртаи шакли ҳатмӣ буд, пас корхона тавонист давоми 3 соли охир тарзи корбариро куллан дигар намояд ва айни замон беш аз 90 фисади воридоти корхона аз ҳисоби шакли суғуртаи ихтиёрӣ ба роҳ монда шудааст. «Зиёдшавии суғуртаи ихтиёрӣ гувоҳ аз боварии мардум нисбат ба мо буда, шаҳодати он аст, ки рӯз то рӯз дар ҷумҳурӣ маърифати суғуртакунонӣ низ боло меравад. Зеро мардум дарк намуда истодаанд, ки суғурта яке аз намудҳои ҳам ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳам ҳифзи молу мулки онҳо буда метавонад»,-изҳор дошт Ш. Мақсудзода.

Зикр гардид, ки намуди ихтиёрии суғурта нисбат ба соли 2020  11 миллиону 912 ҳазор 300 сомонӣ ё 58,6% зиёд гардида, шумораи шартномаҳои суғуртаи ихтиёрӣ нисбат ба соли 2020  77 ҳазору 476 адад бештар мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2021 Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» миёни 19 ташкилоти суғуртавӣ аз рӯи уҳдадориҳои суғуртавӣ дар ҷои дуюм, аз рӯи воридоти ҳаққи суғуртавӣ дар ҷои сеюм ва аз рӯи пардохти (ҷуброни) суғуртавӣ дар ҷои дуюм қарор гирифт.

Директори корхона изҳор дошт, ки бо мақсади мутобиқгардонии фаъолияти ҳисобдорию муҳосибӣ, бо талаботи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ба роҳ мондани истифодаи технологияҳои рақамӣ ва барномаҳои муосири муҳосиботӣ дар корхона омӯзиши мутахассисон ва масъулини самти ҳисобдории дастгоҳи марказӣ ва сармуҳосибони филиалҳои он аз рӯи барномаи муҳосибии -1С гузаронида шуда, бозомӯзии кормандон дар самти баланд бардоштани касбият ва сатҳи тахассус ба роҳ монда шуд.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2022 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»