Донишгоҳи байналмилалии Ал-Бухории Малайзия омода аст 30 шаҳрванди Тоҷикистонро дар зинаи бакалавр қабул намояд

Февраль 13, 2022 09:38

ДУШАНБЕ, 13.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии Ал-Бухории Малайзия омода аст, ки 30 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар зинаи бакалавр аз рӯи ихтисосҳои идоракунии тиҷорат, идоракунии тиҷорат дар соҳаи маркетинг, идоракунии тиҷорат  дар соҳаи менеҷмент, иқтисодиёт, молия, илмҳои компютерӣ, сиёсат ва муносибатҳои байналмилалӣ, таълими томактабӣ, таълими миёнаи умумӣ, воситаҳои ахбори омма ва коммуникатсия, рушди ҷомеа тариқи ройгон дар соли таҳсили 2022-2023 қабул намояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гуфта шуд, ки ки сохтори мактаби миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 сол мебошад ва тибқи талаботи Малайзия (таҳсил дар мактаби миёна 12 солро ташкил медиҳад) барои таҳсил дар Донишгоҳ шаҳрванди Тоҷикистон бояд як соли дигар (курси тайёрӣ) таҳсил намояд ва ҷониби Малайзия арз доштааст, ки омода аст таҳсилро дар зинаи «курси тайёрӣ» ва барои довталабоне, ки забони англисиро дар сатҳи зарурӣ намедонанд, курсҳои забони англисиро ҳангоми таҳсил дар зинаи (курси тайёрӣ) дар асоси бурсияи Донишгоҳ (пас аз суҳбат бо довталаб) пешниҳод намояд.

Намунаи ҳуҷҷатҳо дар сомонаи www.aie.edu.my гузошта шудааст, ки довталабон метавонанд дастрас намуда, худро дар зери сомонаи http//apply. aie.edu.my  ба қайд гиранд.

Қарори ниҳоии қабули довлатаб барои бурсияи мазкур пас аз суҳбат бо довталабон аз ҷониби комиссияи қабули донишгоҳ бароварда мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти бештар ва сабти ном ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ», воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47, тавассути телефонҳои 223-23-59, 223-23-57 дар тамос шаванд ва ё аз сомонаи edu-cip.tj ва шабакаҳои иҷтимоии «facebook» ва «instagram» онро дастрас намоянд.

 

АКС: Маркази барномаҳои байналмилалӣ

Февраль 13, 2022 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад