ФУТЗАЛ. Ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Афғонистон бозӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби футзали ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бозии сеюми худро дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон идома дорад, бо дастаи мунтахаби ҷавонони Афғонистон баргузор мекунад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Аз ин пештар дастаи мунтахаби футзали ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2022 аз дастаҳои мунтахаби Узбекистон (1:3) ва Эрон (1:2) мағлуб шуд.
Дар чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола панҷ даста – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон – иштирок доранд.
Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дастаи мунтахаби Эрон бо шаш имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои мунтахаби Узбекистону Афғонистон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Вале дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон имтиёз надоранд. Бар асоси дастури мусобиқа бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давр доир мегарданд ва ҳар даста чаҳор бозӣ анҷом медиҳад. Ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари бадастоварда муайян мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Газпром»-и шаҳри Бишкек доир мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро ба мусобиқаи Бишкек мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ омода кардааст.
Мусобиқаи чемпионии CAFA-2022 оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола
Даври 1-ум
Узбекистон – Тоҷикистон – 3:1
Голҳо: Далер Эшонқулов, 12 (1:0). Ҷовидон Хушвахтов, 13 (1:1). Далер Эшонқулов, 34 (2:1). Самандар Муродқулов, 40 (3:1).
Эрон – Афғонистон – 10:3
Даври 2-юм
Тоҷикистон – Эрон – 1:2
Голҳо: Амирҳамза Сиддиқзода, 7 (0:1). Умед Назризода, 26 – ба дарвозаи худ (0:2). Саидисроил Саидов, 38 (1:2).
Қирғизистон – Афғонистон – 3:5
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
| Ҷ | ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Эрон | 2 | 2 | 0 | 0 | 12-4 | 6 |
| 2 | Узбекистон | 1 | 1 | 0 | 0 | 3-1 | 3 |
| 3 | Афғонистон | 2 | 1 | 0 | 1 | 8-13 | 3 |
| 4 | Қирғизистон | 1 | 0 | 0 | 1 | 3-5 | 0 |
| 5 | Тоҷикистон | 2 | 0 | 0 | 2 | 2-5 | 0 |
Даври 3-юм
15 феврал (сешанбе)
15:00 – Афғонистон – Тоҷикистон
18:00 – Қирғизистон – Узбекистон
Даври 4-ум
17 феврал (панҷшанбе)
15:00 – Афғонистон – Узбекистон
18:00 – Эрон – Қирғизистон
Даври 5-ум
19 феврал (шанбе)
15:00 – Узбекистон – Эрон
18:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон
Бозиҳо бо вақти Душанбе гузаронида мешаванд.
АКС: ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






